Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

01.12.2019

Ёди инсони наҷиб

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои бисёрсолаву шоистаи Аълочии маорифи СССР ва РСС Тоҷикистон Эҳсонбой Бозоров дирӯз дар гимназияи №1, ки ба номи ин омӯзгори зиндаёд номгузорӣ шудааст, маҳфили хотирмон баргузор гардид. Дар он шаҳрдор Зафарбек Давлатзода, Прокурори шаҳр Набиҷон Набиев, собиқадорони меҳнат, меҳмонон аз кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон ва намояндагони ду насл, фарзандону пайвандон ширкат варзиданд. Маҳфилро сардори раёсати маорифи шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Дар назди иштирокдорон раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода аз зиндагинома, заҳмату ташаббускориҳо ва саҳми сазовори Эҳсонбой Бозоров дар рушди соҳаи маориф ҳарф зад. Идомаи маҳфилро ровии хушбаён, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Нуъмонҷон Муъминов сарварӣ кард.

Собиқадорони меҳнат Тоҳирҷон Ғаниев, Маҳмудҷон Ғафуров, Аюбҷон Юсуфов, Насибахон Шукурова ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон -Анор Бозоров ва Ширин Шакаров аз паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ин марди хирадпешаву фозил, китобдӯстиву фарҳангпарварияш ёдовар шуданд.

Меҳмонон ва фарзанди устод Фаррух Бозоров аз дӯстии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар ва сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгирӣ ва рӯи кор омадани чунин маҳфили пурмазмун ба шаҳрдор Зафарбек Давлатзода миннатдорӣ баён кард. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дилбар Сулаймонова суруди тозаэҷодашро манзури ҳозирин намуд.

Аз ҷониби муҳассилини мактаб композитсияи шеърӣ пешкаш шуд.

Возврат к списку новостей