Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

30.11.2019

Агар аҷали саг биёяд…

Агар шахс аз мазҳаби худ рў гардонад, баробари аз аслу насабу авлоди нухбагони худ даст кашидан аст. Имрўзҳо қалами Саидюнуси Истаравшанӣ дар саҳифаҳои фейсбукӣ пештоз аст. Ў дар оғӯши гарми охундҳояш паноҳ бурда, бо суханҳои алмоиву алҷоиаш мехоҳад ба Тоҷикистон санг андозад ва бо ҳамин худро ба хоҷагонаш ширин нишон диҳад. Лекин кору рафтори ин «файласуфи охирзамон» рафтори сагеро мемонад, ки оқибат ба меҳроби масҷид пешоб намуда, ба ғазаби хоҷагонаш гирифтор мешавад. Мисли баъзе «нодидаҳои наҳзатӣ» аз гуфтаҳои раҳбари ба ном «Паймонаке» М. Кабирӣ лоф мезанаду мардумро мехоҳад гумроҳ созад. Бехабар аз он ки бархе аз он «руҳониҳо», «наҳзатиҳо» ба чӣ корҳои фаҳше машғул шуданду ба паси панҷара рафтанд. Агар Саидюнус ва ҳамтоёнаш мард бошанд, биёянд ба Тоҷикистон, то рӯ ба рӯ суҳбат намоем. Ҳол он ки худ дар Эрон паноҳ бурдаасту дар расонаҳои хабарӣ ҷои зисташро Бейрут номидааст. Ў агар дониши казоие медошт, дар замони шўравӣ ба унвонҳои баланди илмӣ мерасид. Ҳоло шўравӣ пош хўрдааст, «фазлфурўшӣ» баҳри чист? Дар замони шўравӣ ҳам мусулмононро ҳеҷ кас мисли имрўз амсоли «донишмандони наҳзатӣ» таҳқир намекард. Ҳол он ки озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ аз зумраи озодиҳои асосии инсон дар ҷумҳурии мо маҳсуб меёбад. Ба гуфти Пешвои муаззами миллат «Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки арзишҳои милливу динии худро эҳё намуда, ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ба озодии виҷдонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кунем ва кафолат диҳем. Соҳибихтиёрии давлатӣ дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихии миллат мусоидат кард». Худи ҳамин истиқрори сулҳ дар кишвари мо магар ин дастовард нест? Нодида гирифтани пешравиҳо, дастовардҳо, созандагию бунёдкориҳои Тоҷикистони азиз ин ношукрӣ аст. Ҳол он ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар тамоми ҷаҳон меомўзанд. Саидюнуси Истаравшанӣ ба мо «насиҳат» карда, мехоҳад, хунрезиҳои солҳои 90-умро такрор кунем.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон сарфи назар аз моҷарою дасисаҳои чунин гамбускҳои сиёҳ, сагони дайду ба сўи фардои нек, Тоҷикистони ободу дурахшон қадамҳои устуворона хоҳанд гузошт.

                                                         Деҳқон Каримзода, омӯзгор    

 

Возврат к списку новостей