Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039923
Сегодня
32
На этой неделе
647
В этом месяце
1795
Итого
1039923
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

30.11.2019

Агар чашми дил нобино бошад...

Вақте ки сухан ва гуфтаҳо бо амал рост ояд, он сухан қадру манзалатро сазовор аст ва инсони шунаванда ҳам ба он ҳама бовар мекунад ва агар сухан барои нифоқу ҷудоӣ, барои фитна ва ҳадафу мақсадҳои нопок гуфта шавад, чунончӣ суханони иғвоангезандаи Саидюнуси Истаравшанӣ, ки аз фарсахҳои дуруи дур бӯи бади он ба машом мерасад ва маълум аст, ки он барои кадом мақсаде садо дода истодааст, ки миллат онро хеле нек ҳис мекунад, на фақат қадре надорад, балки сухангӯяндаро дар назди шунавандаву хонанда беқадр ва дар сиҳату солимии ақл ва ақидаи ӯ дар шубҳа мегузорад...

Пас аз даст ба хиёнат задан ва ошкор шудани симои ҳақиқии собиқ ҲНИ ва имрӯза ТЭТ ҲНИ ва ҳизби террористию эстремистӣ хонда шудани ин ҳизби мамнӯъ ва нуфузу обрӯи худро дар ҷомеа аз даст додан ва ошкор шудани мақсаду ҳадафҳои ниҳонии ҳизб, имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки иддае аз роҳгумзадагони ин ҳизби мамнӯъ дар хориҷи кишвар тариқи сомонаҳои интернетӣ даст ба заҳролудкунии ҷавонони миллат зада истодаанд, зеро медонанд, ки асосан истифодабарандагони интернет маҳз ҷавононанд ва мисоли зиндаи ин суханон Саидюнуси Истаравшанӣ аст. Ин хиёнатпеша ҳамроҳи ҳамфикру ҳамақидаҳои худ хиёнат ба миллати тоҷик кардан кам набуд, ки боз ба мазҳаби поки ҳанафӣ, ки мукаммалтарин мазҳаб дар байни чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ҳисоб меёбад, хиёнат намуда ақида ва мазҳаби шиъаро қабул кард ва барои қадру қимати худро назди хоҷаю мавлоҳояш баланд бардоштан ва ба онҳо садоқати худро нишон додан бо ҳар роҳу восита даст ба тамоми амалҳо зада истодааст, ки ба хоҷагонаш писанд омада ба боварии онҳо сазовор бошад. Сухан ва амали ҳар инсон ин нишонае аст  аз падар ва таълими ӯ ва аз ҳалолкор будан ва ё баръакси он. Ва чун ба вуҷуди инсон ҳаром дохил шавад рӯзе фаро мерасад, ки он садои худро мебарорад ва чун фарзанд даст ба фитна занад, нишона он аст, ки падар дар зиндагӣ ба хатогӣ роҳ додааст.

Он нафароне, ки новобаста бо кадом роҳ дини Худоро ба фоидаи худ истифода мебаранд ва аз ин роҳ маблағу боигарӣ ба даст меоранд ва ё бо ин роҳ ба мақсаду ҳадафҳои худ мерасанд, Паёмбари бузургвор аз оқибати чунин амалҳо инсониятро ҳушдор ва огоҳ карда мефармоянд:”Дар охири замон афроди маккор ва ҳилагар пайдо мешаванд, ки ба баҳонаи дин, дунёро шикор мекунанд. Онҳо ба манзури изҳор ва нишон додани дарвешӣ ва мискинии худ ба мардум ва мутаассир кардани мардум аз худ либоси пашмин мепӯшанд. Забонҳои онҳо ширинтар аз шакар аст, вале дилҳои онон монанди дили гург хоҳад буд. Худованди мутаъол мегӯяд, ки оё инҳо аз мӯҳлат додани ман фиреб хӯрдаанд ва ё аз ман биме надошта ҷуръати мубориза бо манро кардаанд. Пас маро савганд ба зоти ман, ки ин маккоронро мубтало ба фитнае, ки аз миёни худи эшон бархоҳад хост, хоҳам кард, ки бузургон ва донишмандони онҳоро дар буҳту ҳайрон қарор хоҳад дод”. (Тирмизӣ). Ин ҳадис такон ва ҳушдордиҳандаи сахте бояд дар ҳаққи С. Истаравшанӣ  ва дигар нафарони ҳамроҳи ӯ ва гурӯҳҳо бошад, ки имрӯз аз номи дин дунёро ва моли дунёро ба даст меоваранд ва ё бо пӯшидани либос ва сурати дигар бандагони соддалавҳи Худоро бо ширинзабонӣ ва бо далелҳои қуръонӣ ба тарафи худ ҷалб намуда, иродатманди хеш сохта ва дар доми худ асир намуда ба мақсаду ҳадафҳои ниҳонии худ мерасанд ва барои чунин афрод аст таҳдиди худовандӣ аст, ки ононро қабл аз марг дар сахттарин фитнаҳо мубтало хоҳад кард ва Ӯ таъоло ба ҳама чиз қодиру тавоно аст.

 Ростӣ, мо интизор ҳам ҳастем, ки пас аз кушодашавии масҷиди калонтарин дар Душанбе ин тангназарон ба мисоли Саидюнуси Истаравшанӣ боз дар боби диндорӣ дар ҷумҳурии азизамон чӣ мегуфта бошанд? Замоне, ки дар ҷумҳури ҳудуди 4 ҳазор масҷид фаъол аст ва зиёда аз 200 ҳазор Қуръон ба забони тоҷикӣ таҷума шуда, ройгон тақсим карда шуд ва «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд ва Президенти муаззами мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд, ин ҳама пешрафту бузургиро онҳо дида натавонистанд, зеро чашми дили онҳо нобино гардида...

Ҳидоятов Н., имомхатиби масҷиди “Тезгузар”

Возврат к списку новостей