Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

29.11.2019

Мавриди истифода қарор гирифтани синфхонаҳои иловагӣ дар гимназияи №1- и шаҳри Конибодом

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар гимназияи рақами 1 ба номи Эҳсонбой Бозорови шаҳри Конибодом ду синфхонаи таълимӣ мехнат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар расми ифтитоҳи ин ду синфхонаи иловагӣ раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода иштирок намуда, синфхонаҳои таълимиро дида, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат орост. Шаҳрдор аз ин иқдоми шоистаи дастгирӣ- бунёди синфхонаҳои таълимӣ, ки бо хайрияи падару модарони мактаб роҳандозӣ гардида, дар азхудкунии касбҳои гуногун барои духтарону писарон мусоидат мекунад, изҳори қаноатмандӣ карда, дар рушди ин маркази ҳунаромӯзӣ омодабошии худро иброз дошт. Шаҳрдор минбаъд дар ин ҷо барои гузаронидани семинар-машваратҳои омӯзишӣ дастур дод.

Синфхонаҳои таълимӣ пурра бо таҷҳизоти зарурии таълими меҳнат, аз қабили мошинаҳои дарздӯзӣ, дастгоҳҳои қолинбофӣ, лавозимоти рӯзгордорӣ,  олоти таълимии омӯзишӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ин ду синфхона барои таълими технологияи меҳнат барои писарону духтарон сохта шуда, минбаъд хонандагон касбу кор, ҳунарҳои мардумӣ ва нозукиҳои рӯзгордориро дар чунин шароити мусоид хоҳанд омӯхт.

                                                Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей