Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

29.11.2019

Нақши ВАО дар раванди демократикунонии ҷомеа

Ин мавзуъро Сурайё Ҳакимова, муовини сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳини мулоқот бо муҳассилини курси заҳираи кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом шарҳ дод. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар доираи таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он аз мавқеи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ дар раванди ҷаҳонишавии муосир таъкид намуданд.

“Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси набзи ҷомеа мавқеи назаррас дошта, метавонад ба афкори мардум таъсири бузург  расонад. Рушди илму техника аҳамияти воситаҳои ахбори оммаро дучанд намуда, ҳамакнун иттилоот нисбат ба даҳсолаи гузашта аҳамияти бештар пайдо намудааст. Чуноне Натан Ротшилд мегӯяд, касе, ки дар даст иттилоъ дорад, ҷаҳонро идора мекунад”- таъкид намуд рӯзноманигор Сурайё Ҳакимова.

Ҳамзамон, перомуни нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди матбуоти замони истиқлол Бобоҷонзода Азимҷон Тоир, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ Мутрибахон Бобоҷонова суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити кунунии бадалшавии идеологияҳо зарур аст, ки фазои иттилооти кишвар бо иттилооти саҳеҳ бо назардошти манфиатҳои миллӣ пур карда шавад.

Возврат к списку новостей