Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039927
Сегодня
36
На этой неделе
651
В этом месяце
1799
Итого
1039927
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

29.11.2019

Рӯзи ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон

28 ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр баргузор гардид. Кори ҷаласаро раиси Шӯро Солиҷон Раҳимов ифтитоҳ бахшида, «Рӯзи ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон» -ро шарҳ дода, бо рӯзномаи он шинос намуд.

Дар асоси рӯзномаи кори ҷаласа ҳисоботи раиси комиссияи кор байни занони назди Шӯрои собиқадорони шаҳр Корманди шоистаи ҶТ Рафоат Иномӣ шунида шуд. Дар баромади маърӯзачӣ кори комиссия дар самти ҳаёти занон баргузории чорабиниҳо дар ҳалли пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо зан ва оилаи миҳд-и ва «Пайроҳаи хушбахтӣ», рафти иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашни маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», нақши модарон дар масъалаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва ғайра қайд гардид. Масъалаи зиёд шудани муҳоҷирати бонувон аз ҳудуди шаҳр ташвишовар арзёбӣ гардид, зеро ин ба тарбияи фарзандон, ки ба уҳдаи бибию наздикон гузошта мешавад, бетаъсир намемонад. Ҷоннок намудани кори Шӯроҳои маҳалла дар кумитаи маҳаллаҳо таъкид гардид.

Сипас ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони минтақаи Айнӣ, Юсуфов А. оид ба омодагиҳо ба ҷашни 75-солагии иди Ғалаба дар ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд.

Гузориши муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Исмоилҷон Юсуфов шунида шуда, нақшаи кори Шӯрои шаҳрӣ барои соли 2020 пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.

Бо иштироки фаъолонаи иштирокдорон, ки аксарият раисони ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон ташкил медод, бо саволу ҷавоб судманд анҷом ёфт.

Ваҳҳобова С., мудири шуъбаи радиои маҳаллӣ

Возврат к списку новостей