Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081848
Сегодня
64
На этой неделе
601
В этом месяце
511
Итого
1081848
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

29.11.2019

Корвони саломатӣ

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии алайҳи Вируси норасоии масъунияти одам» (ВНМО), ки 1 декабр муайян гардидааст, барои беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, пешгирӣ ва муайян намудани бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам аз ҷониби кормандони «Маркази мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам»-и вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом корвони саломатӣ ташкил карда шуд.

«Корвони саломатӣ» дар назди маркази саломатии шаҳрӣ, маркази ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Лохутӣ ба аҳолӣ хизматрасониҳоро пешкаш намуд. Дар вақти ташхис асосан ба бемориҳои ВНМО, гепатити С ва В ташхис гузаронида шуд.

Зиёда аз 300 нафар аҳолии шаҳру деҳот аз ташхиси ройгон гузашта, вазъи саломатии худро муайян карданд.

Хушбахтона, гирифторони бемориҳои ВНМО пайдо нашуда, аммо мубталоёни гепатити С ва В муайян карда шуданд. Пас аз ташхис аз тарафи духтурон ба беморон барои муолиҷа дастурҳои муфид дода шуд.

 

                                             Дафтари матбуоти раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей