Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039921
Сегодня
30
На этой неделе
645
В этом месяце
1793
Итого
1039921
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

28.11.2019

Модар фаришта буд, чаро аслиҳа гирифт??

Модар меҳрубонтарин офарандаи олам баъди Худост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зан-модарро баъди Худо офаранда хонда, эҳтиромашро чун ҳамешагӣ боло гузоштанд. Шукронаи соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон, ки имрӯз модари тоҷик зери осмони софу фазои осуда умр ба сар мебараду дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият дорад. Аз ҷониби давлату ҳукумат бо дастгириву ғамхориҳо фарогир асту аз имкониятҳои мавҷуда фаровон истифода мебарад. 

Ҳодисаи нангине, ки дар ҳудуди Ишқобод рух дод, мардуми тоҷикро ба ҳайрат овард. Зеро онҷо занон ба ҷои нақши зан-модарро офаридан, зан-террористро бозиданд. Кош, ин афсона мебуд ё хобе. Лек як саҳнаи нангине буд, аммо чунин нақши нафратоварро ҳатто дар саҳна ҳам  набояд бозид.

Имрӯз чун як зан-модар андешаманд аз онам, ки наход модари тоҷик, ба ҷои он ки ба тифлаш меҳрубонӣ кунад, ба ҷои он ки фарзандро бо муҳаббат навозиш кунад, ба ҷои он ки дуогӯи онҳо бошад, баръакс яроқ ба даст зидди фарзанди бонанги тоҷик барояд? Барои МОДАР хондани номи чунин зан забон лол аст. Наход дили модарияш аз чунин рафтори аблаҳонааш дард накашида бошад. Агар эҳсос мекард, ки хуни фарзанди тоҷикро мерезад, ба чунин роҳи ногуфтанӣ намерафт. Ҳайфи номи модарӣ, ҳайфо

Куҷо ифтихори миллӣ? Куҷост ватандорӣ?

Ку бузургии Гурдофариду камонварии Зебуниссо, нақшофарии Туҳфаю соҳибқаламии Фарзона! Ифтихор инҷост, на дар майдони ҷангу муҳорибаю хунрезӣ!

 

Фирӯза Шерматова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ                                 ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей