Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

25.11.2019

Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ман

Тоҷикистон сарзаминест, ки имрӯз дар тамоми олами ҳастӣ парчамаш нурафшон ва дар арсаи сиёсӣ мақоми хосеро сазовор гардида, бо ташаббускориҳояш шуҳратёр ва бо сиёсати хирадмандонааш номбардори Олӣ Сомон асту миллатҳои дигар бо шунидани он ба ҳавас мегӯянд, ки шумо – тоҷикон зодагони Имоми Аъзам – Имоми Бузургворед, ки ҳазрат сироҷи умматанд, ситораи тобонанд дар олами илм, шумо зодагони Имом Бухориед, ки баъди Қуръон китоби ин шахсияти нотакрор беҳтарин китоб дар дилу дидагони тамоми мусалмонони рӯи дунё аст, шумо зодагони Рӯдакиед – одамушшуаро, шаҳаншоҳи шоирон ва ғазалсарои форсу тоҷик, шумо зодагони Ҳофизи бузургворед, ки ӯро лисонулғайб гӯянд, шумо ҳамасрони Пешвои Миллати тоҷикони дунёед, ки Тоҷикистони навини соҳибистиқлол ва Роғунро асосгузор аст, ки онро иншооти бузурги аср гӯянд ва ҳар шахс бо ифтихору эҳтиром Ҷаноби Олӣ гӯяд, шумо дар сарзамине зиндагӣ доред, ки кӯҳҳои осмонбӯс дорад, ки то ба фалак расида, дарёҳои шӯху оби ширин ва табиати ҷаннатмакони худодода дорад, ки ҳар бинандаро мафтуни худ мекунад ва шумо хушбахтед...

Тоҷикистон он кишваре аст, ки дар муддати кутоҳтарин ҷанги бародаркушро хотима дода, рӯ ба рушд ниҳод ва парчами пешрафти гузаштагонро пас аз ҳазор сол ба даст гирифт ва қадамҳои устуворонаи худро бо Пешвои Миллат ба пеш гузошта истодааст ва сулҳи кардаи онро олимони тамоми соҳа ва сиёсатмадорони олам омӯхтанд ва меомӯзанд то дар пешрафти миллати худ ва дигар миллатҳо истифода баранд ва Тоҷикистон ташаббускори масъалаҳои байналмилалӣ аст ва дар ин асосҳо метавон гуфт, ки Тоҷикистон тоҷи худро боз ҳам пурнуру пурҷило гардонида...  

Тахту тоҷи тоҷикон обод бошад доимо,

Бар тохту този душманон бошад фано.

Тоҷи тоҷик рахшанда бод дар ҳар замон,

Тоҷикам ман, фахр дорам, зодаи Оли Сомон.

Тоҷикистон, ту Олӣ Сомонро нишонаӣ, Тоҷикистон, ман бо ту фахр дорам, ҳама ҳастии ман, вуҷуди ман ту ҳастӣ. Ту ҳастиву мо ҳабиби ҷаҳонем, ман парчаматро мебӯсаму мегӯям, ки номбардорат ҳастам, то ҳастам бо ту ҳастам, ҷонам фидоят, эй Тоҷикистони азизу озоди ман.

Ҳидоятов Н., имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тезгузар”

Возврат к списку новостей