Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

24.11.2019

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Конибодом

Сокинони Канди бостонӣ низ чун тамоми мардуми сарбаланди кишварамон бо ифтихор аз ватану ватандорӣ, бо дасту дили гарм ва руҳи болидаву хотири шод ҷашни Парчами давлатии хешро ботантана таҷлил карданд. Бахишда ба ин рӯз дар шаҳри Конибодом роҳпаймоии идона доир гардид. Субҳи имрӯз сокинони сершумори шаҳри Конибодом бо парчамҳои давлативу шиору навиштаҷотҳои васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандорӣ аз маркази шаҳр то майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ карданд.

Минбаъд дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф, собиқадорон, ҷавонон, сокинони шаҳр ҷамъомади бошукуҳе доир гардид.

Дар ҷараёни он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Мақсудзода ва муовини аввали раиси шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгорӣ баромад намуда,  ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Конибодомро бо Рӯзи Парчами давлатии ҶТ сидқан муборакбод гуфтанд. Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бо Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ санъаткорони шинохтаи маркази вилоят барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатиро манзури ҳозирин гардонида шуд.

 

 

Возврат к списку новостей