Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

23.11.2019

Муқовимат ба коррупсия –кори дастҷамъист»-баргузории конфронси илмӣ-амалӣ

Бо ташаббуси коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори коллеҷи мазкур конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия –кори дастҷамъист» доир гардид. Дар он мудири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мутаваллиён Шоира ва нозири шуъбаи мазкур Назриён Васлибек, роҳбарону намояндагони коллеҷу литсейҳои касбӣ, омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва намояндагони воситаи ахбори оммаи маҳаллӣ ширкат карданд. Кори конфронсро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом Шоира Валиева оғоз бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сипас намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутаваллиён ва Васлибек Назриён сухан ронданд. Зимни баромадҳо аз ҷумла, зикр гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ, халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвар эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин зуҳуроти ҷомеа кори ҳамагон буда, пешгирии он вазифаи муҳим шумурда мешавад.
Ҳини маърӯзаи хеш инчунин оид ба қонуну барномаҳо оид ба пасти кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳарф зада, таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд. Бо иқдоми сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд. Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид. Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми Барномаҳои мазкур Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо чораҳои таъхирнопазир ва муассирро андешида истодааст.
Дар идомаи конфронс омӯзгорони коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва литсейҳои касбӣ бо маърӯзаҳо суханронӣ карда, роҷеъ ба сабабҳои зуҳури омилҳои коррупсионӣ, баромад намуданд

 

 

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей