Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1039919
Сегодня
28
На этой неделе
643
В этом месяце
1791
Итого
1039919
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

23.11.2019

Вохӯриҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб

22 ноябр баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар деҳаҳои сарҳадии ҷамоатҳои деҳоти Пӯлодон ва Патари шаҳри Конибодом оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, экстремизм ва терроризми тундгаро бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, ходимони дин, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷавонон ва бонувони хонашин вохӯриҳои судманд баргузор карда шуд.

Дар вохӯриҳо намояндагони шӯрои фаъолзанони вилоят Ш.Ҳасанова, М.Бузрукова, М.Кенҷазода ва С.Ҳайдарова иштирок намуданд.

Собиқадори меҳнат, собиқ муовини раиси МНМОҶТ Шуҷоат Ҳасанова оид ба нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллии  стратегӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, баромадан аз буҳрони сахти иҷтимоӣ ва рӯзҳои мудҳиши пеш аз истиқлол сухан намуда, ба ҳозирон изҳор дошт, ки модарони мо ҷиҳати тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва расидан ба қадри неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони истиқлол фаъол бошанд. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгар мубориз буда, баҳри ободиву осоиштагии Тоҷикистон азизамон саҳмгузор буданро талқин намуд.

Собиқадори меҳнат, собиқ корманди кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукаррама Бузрукова дар баромади худ ба бонувону ҷавонон изҳор намуд, ки дар таҳким ва пойдориву устувории оила нақши зан – модари тоҷик бузур аст. Дар оила модар нақши калидиро мебозад ва ояндаи миллату давлат низ маҳз аз бонувони сарбаланд вобастагии зиёд дошта, модарони мо бояд азму иродаи қавӣ ва соҳибмаълумоту ботаҳаммул бошанд. Зеро оила як қисми ҷудонашавандаи ҷомеа буда, аз оилаи солим ҷомеаи солим ташаккул меёбад. Даврони истиқлол ба занони тоҷик имкониятҳои устувор ва озодиву пешрафтҳои зиёдро фароҳам овардааст.

Директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар аз оилаи солим ҷомеаи солим ташаккул меёбад. Даврони истиқлол ба занони тоҷик имкониятҳои устувор ва озодиву пешрафтҳои зиёдро фароҳам овардааст.

Директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд Манучеҳра Кенҷазода оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан намуда, таъкид намуд, ки тарбияи дурусти фарзанд, соҳибмаълумот намудан ва фароҳам овардани имкониятҳо баҳри донишандӯзии онҳо вазифаи аавлиндараҷаи волидайн мебошад.

Муроҷиатномаи кулли бонувону модарони вилояти Сущд ҷиҳати маҳкумсозии амалҳоитеррористӣ ва ифротгароӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ва кирдорҳои нопоки хиёнаткорон ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Мавзуна Ҷӯраева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи миҳд-и шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей