Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1035682
Сегодня
112
На этой неделе
480
В этом месяце
1482
Итого
1035682
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

08.11.2019

Амну субот - кафолати пешравиҳо!

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути азму талоши аҳлонаву босамари хеш ва иқдому ташаббусҳои накӯву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз мушкилоту муаммоҳои бешумор тавонистанд, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърих, якчанд соли ибтидои асри ХХI дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоистаро касб намоянд.

Мо зина ба зина, тадриҷан тавонистем, ки ба он орзуву омоли чандинсолаи хеш бирасем, ба татбиқи ҳамаи он мақсаду ҳадафҳои стратегие, ки дар оғози аср дар назди худ гузошта будем, ноил гардем.

Имрӯз бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки мо ҳамаи он нақшаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикиро дар амал татбиқ намуда, баҳри расидан ба  ҳадафи навбатӣ - саноатикунонии кишвар камари ҳиммат бастаем ва дар ин ҷода низ, қадамҳои устувор мегузорем.

Сиёсати созанда ва саъю талошҳои пайвастаи Пешвои миллатамонморо имконият додааст, ки дар роҳи таъмини зиндагии шоиста, таҳкими  иқтидори давлат ва дарёфти ҷойгаҳи хосаи хеш ҳамчун халқи хештаншиносу худогоҳ миёни қавму миллатҳои дунё талош варзем ва дар ин самт муваффақ низ, бошем.

Сарвари давлатамон  дар баробари шарҳи муҳимтарин падидаҳои сиёсати дохилӣ ҳамеша чун сиёсатмадори ботаҷрибаву баркамол дар ҷодаи пешбурди сиёсати хориҷиамон кӯшишҳои пурсамар менамоянд.

Сафари навбатии хориҷии Пешвои миллат ба Конфедератсияи Швейтсария санаи 6- уми ноябри соли равон боз як мисоли барҷастаи гуфтаҳои боло маҳсуб ёфта, мулоқотҳои  натиҷабахши Президенти муҳтарамамон бо доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони даҳҳо ширкатҳои бонуфуз иқдоми басо муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодии кишварҳоямон аст.

Тавассути суханронии пурмуҳтавои хеш Сарвари давлатамон ба намояндагони соҳибкориву молиявии  Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои васеи ҳамкориву сармоягузориро дар шароити мусоиди имрӯзаи кишварамон таъкид доштанд.

Дар натиҷа ба имзо расидани се адад санади наву муҳими ҳамкориҳо дар самти рушди  савдо, саноат ва соҳаи сайёҳӣ миёни   Швейтсария ва Тоҷикистон  ва бахусус, таъсиси Шӯрои соҳибкорони ин давлатҳо боз як қадами устувор баҳри таҳким бахшидани иқтисодиёти кишварамон мебошад.

Ва албатта, муҳим он аст, ки имрӯз давлату миллати мо тавассути чунин сафарҳои хориҷии Пешвои миллат бори дигар ва ба таври муфассал ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад  ва он собит месозад, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо амну субот пойдор асту  шароити мусоиди ҳамкориҳои дуҷониба барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст.

                                                                        

                           Бобоҷонзода Азимҷон Тоир, Раиси Кумитаи иҷроияи                                                                                    

                           ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

                                                                       

Возврат к списку новостей