Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1035679
Сегодня
109
На этой неделе
477
В этом месяце
1479
Итого
1035679
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

05.11.2019

Паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода

Ҳамдиёрони азиз!

 

Санаи 6 ноябр дар саҳфаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, ободиву осоиштагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфта, он ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ботантана таҷлил мегардад. Имсол аз қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахтномаи миллат муаррифӣ шудааст, 25 сол пур мешавад.

Ба ифтихори 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманди диёрро самимона муборакбод намуда, сарбаландӣ, рӯзгори хушу обод ва шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамонро таманно дорам.

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми кишвари соҳибихтиёр  таҷассумгари арзишҳои инсондӯстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. 

Барҳақ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои ҳуқуқии пазируфташуда аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор меравад.

Қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ боис гардид,  ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва маънавию кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар ҳама самт пешравиҳо афзуданд.

Дар бунёди як давлати мустақилу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ бешак, нақши Конститутсия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии он басо назаррас аст. Зеро тамоми ҳуқуқу озодиҳои мардум дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз инъикос гардида, мафҳуми инсон ва халқ ҳамчун асоси эъмори давлатдорӣ пазируфта шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки саҳму талошҳои пайваста ва сиёсати оқилонаю халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва таъсиси давлати ҳуқуқбунёд беандоза буда, дар натиҷаи сарҷамъиву ваҳдати миллӣ кишвари тозабунёди тоҷикон тавонист худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ муаррифӣ намояд.

Дар давоми 25 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ даровардани тағйиру иловаҳо талаботи  сиёсати замони муосир буда, он боз ҳам мукаммалтар шуда, ба инкишофи минбаъдаи давлати мо мутобиқ гардид.

Маҳз дар ин давра сокинони шаҳрамон ба дастовардҳои наҷиб ноил гардида, баҳри расидан ба ҳадафу ниятҳои некашон имрӯзҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон саъю талош доранд.

Бори дигар, кулли ҳамдиёронро бо ин ҷашни бузурги миллӣ - 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон хонаи обод, бахту иқболи нек, саодату нусрат ва барору комёбиҳо орзумандам.

Бигзор, бахтномаи халқамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то абад устувору поянда бошад!

 

 Ид муборак, ҳамдиёрони  азиз!

 

Возврат к списку новостей