Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

947770
Сегодня
17
На этой неделе
456
В этом месяце
88227
Итого
947770
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.10.2019

Муроҷиат ба муриди хоҷагони бегона

Дар ҳошияи баромади роҳбари Паёмони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Эй муриди хоҷагони бегона!

Диламон чун шахсоне, ки ба ҳаёт  ташнаем, ба шумои дар бадарға бо ранги зарду заъфарон дари чандин идораҳои давлатҳои бегонаро мекўбеду гадоӣ мекунед, месӯзад. Дилсӯзӣ танҳо аз фарзанди тоҷик буданатон.  Як асир дар майдони ҳазорнафараи зафарёб ҳеҷ аст. Бо ин дасисаву  суханбозиҳо чӣ мехоҳед? Мард бояд якрӯву  якзабон бошад. Шумо чанд рӯву чанд забон доред?     

Агар мардона рафтор мекардеду миёнбанди тоҷикона духташударо маҳкамтар мебастед, дар паҳлӯи мардони майдон истода, ба ояндаи Тоҷикистони аз ҷанги шаҳрвандӣ ба фаношавӣ наздикшуда тамоми ҳастии худро ба ободии рӯзгори мардуми хасташуда сарф мекардед. На гурезаву сарсону дарбадари мисли гадоён шуртаи гадоӣ дар китф.

Инсоф кунед! Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо ақлу тамизанд, ки будани шуморо медонанд, шиори онҳо «Ба Ватани худ хизмат мекунаму обод менамоям!» аст. Онон ба дасисаҳои шумо баринҳо бовар намекунанд.

Дар масъалаи Роғун сухан гуфтан ҳақ надоред. Мефаҳмед, ин ҳама ғазабу бетинатии Шумо, ғарази зиёд, бахилӣ, чашми дидан надоштанатон ба Сарвари давлатро ифода мекунад. Медонед чӣ? Дар ҷойи нишастатон ҳангоми ноилоҷӣ ба тангкӯчаи сарбаста даромадан ба пешониатон девори бетонӣ зарбаи сахт задагӣ барин шуданаш баръало мушоҳида мешавад. Дар рӯйи курсии айбдорӣ нишастагӣ барин менамоед.

Эй муриди хоҷагони бегона! Биёед, узр пурсед, хонаводаатонро аз  хиҷолат бароред. Интернету  фейсбук танҳо шуморо масхара мекунад, симоятонро дар холати масхарагӣ дидан ба дили ҳама зад!                      Ҷомеаи коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей