Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

775512
Сегодня
71
На этой неделе
188
В этом месяце
85833
Итого
775512
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

14.07.2019

Натичагири аз фаъолияти сохахои хочагии халки шахри Конибодом дар нимсолаи аввали соли 2019

12 июл маҷлиси фаъолони шахри Конибодом оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гардид. Дар маҷлис раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода иштирок намуданд.
Аз маърӯзаи муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода маълум гашт, ки дар ин давра дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи андозҳо 103,0 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 43 млн. 201 ҳазору 800 сомонӣ, дар асл 44 млн. 605 ҳазору 900 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 1 млн. 404 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз 10 намуди андозҳо иҷрои 9 намуди он таъмин гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз 41 корхонаҳои калону миёна ва хурди ҳисоботдиҳандагон 15 ададашон сатҳи истеҳсоли маҳсулотро баланд бардошта, 6 адади дигар сатҳи истеҳсолро кам намуда, ҳамзамон ду корхонаи хурди саноатӣ аз нав фаъолияташонро оғоз намуданд. Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ боз 4 адад корхонаҳои хурди саноатӣ таъсис дода шаванд.
Ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат дода шуда, дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз 2500 бех, гулҳои ороишии садбарг 12000 дона, гули канна 20000 дона ва гулҳои питуня, тагес 11000 дона шинонида шуданд. Барои чароғонкунии кӯчаҳои марказии ҳудуди шаҳр 302 адад чароғакҳои равшанидиҳанда ва ороишӣ насб карда шуд. 
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ободонӣ, чароғонкунӣ, асфалтпўшкунӣ, сохтмон ва таъмири иншоотҳо дар шаҳр ҳамаги 506 адад иншоотҳо ба нақша гирифта шудаанд. Дар соли 2019 бояд 178 адад иншоотҳои гуногун ба истифода шавад, ки дар нимсолаи аввал 120 иншоотҳои таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 149 млн 519,6 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ дар садди муҳофизатии канали “Рапқон” корҳои барқароркунӣ бо дарозии 400 метр ба маблағи 25,0 ҳазор сомонӣ, инчунин таъмири селроҳаҳои №3,7,12 ба иҷро расонида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 649 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин давра 9178 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки аз он 2471 нафар занон буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2535 нафар ва 934 нафар зиёд мебошад. 
18 медали хонандагони макотиби шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2 адад зиёд мебошад. 18 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил гардиданд. 
Дар идомаи маърӯза қайд шуд, ки мувофиқи шаҳр 9 муассисаҳои таълимии садамавӣ аз он 8 адад мактабҳо ва 1 адад кўдакистон ба қайд гирифта шуда, дар мактабҳои садамавии МТМУ №7 ва №52 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №48 идома дорад. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби лоиҳаи Сино 5 адад марказҳои саломатии деҳот аз таъмири куллӣ бароварда шуда, боми асосии беморхонаи марказии шаҳрӣ аз нав ба миқдори 650 ҳазор сомонӣ шиферпӯш карда шуда, корҳои ободонии саҳни ҳавлии беморхона, тармими хатти мутамаркази гармидиҳӣ ва таъмири ҳуҷраҳои қабулгоҳ идома доранд. 
Варзишгарони ҷавони шаҳр дар чорабиниҳои варзишии сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ 112 ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд, ки аз он 77 медал дар сатҳи шаҳрӣ, 25 адад дар сатҳи вилоятӣ, 2 адад дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 8 адад дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд. То ин дам 11 адад майдончаи варзишӣ бунёд ёфта, минбаъд дар назар дошта шудааст, ки дар ҳар як маҳалла ва деҳа майдончаҳои варзишӣ сохта шаванд. 
Дар баробари пешравиҳо ва дастовардҳо, мутаассифона, фаъолияти баъзе соҳаҳо дорои камбудиҳои ҷиддӣ ва норасоиҳо мебошанд. Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019 аз як қатор роҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, аз раёсати кишоварзӣ, Идораи кумитаи замин, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ, нозироти андоз, раёсати омор, раёсати маориф, беморхонаи марказӣ, шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши ҳифзи муҳити зист, Хадамоти бехатарии озуқаворӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шабакаҳои барқӣ, қитъаи бо обтаъминкунӣ ва ташноб, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ пурсиш ба амал оварда шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Сипас, муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода доир ба фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр баромад намуда, ҳамзамон фикру мулоҳизаҳои худро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои пешрафти ҷомеа, камбудиҳои ҷойдошта дар самти кор бо занону духтарон, аз ҷумла пешгирии роҳи ҷиноятсодиркунӣ ва вайроншавии оилаҳо, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, саҳмгузорӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд. 
Дар фарҷоми маҷлис дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей