Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675054
Сегодня
43
На этой неделе
1566
В этом месяце
6622
Итого
675054
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

16.04.2019

"ЗАРУРИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ ТОҶИКОН ДАР МАРҲИЛАИ САРНАВИШТСОЗИ ТАЪРИХӢ"

Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таҳти раёсати раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода мулоқоти мудири шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа‚ дотсент Қамар Нурулҳақов ва сардори шуъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии ҳамин Марказ‚ доктори илмҳои таърих Сайфулло Муллоҷонов бо иштироки сарварони корхонаҳо‚ намояндагони соҳаҳои мухталиф‚ аз ҷумла ҷамоатҳои деҳот‚ ходимони дин‚ кумитаи маҳаллаҳо‚ занони фаъол ва ҷавонон баргузор гардид. Меҳмонон дар баромади хеш оиди терроризм‚ экстремизм ва равияҳои ифротгаро‚ ки ҳадафи асосиашон куштор‚ таҳдид‚ зӯроварӣ‚ муқобили ҳам гузоштани мардуми мусалмон‚ барангехтани низоъ аст‚ сухан карданд. Зикр намуданд‚ ки дар шабакаи интернет тарғиботи ақидаҳои душманони миллат‚ шахсиятҳои фурўхташуда ва пайравони онҳо бештар ба назар мерасанд. Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат‚ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз хусуси пешгирӣ аз ин равияҳои ғайриқонунӣ вазифагузорӣ менамоянд.

Тақвият бахшидани ифтихори миллӣ‚ алалхусус, байни наврасон ва ҷавонон вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст маънидод гардид. Бо мисолҳои таърихӣ ва рўйдодҳои даҳшатангези дар кишварҳои Афғонистон‚ Ироқ‚ Сурия ва ғайраҳо рухдода ва аз оқибатҳои харобиовари терроризму экстремизм ва равияҳои зиддидинӣ ёдовар шуда‚ тарбияи фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ‚ ифтихори миллӣ‚ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи бевоситаи муассисаҳои таълимӣ‚ волидайн ва ҷомеа ҳисобиданд. Дар баробари ин нисбати иҷрои қарзи шаҳрвандии ҷавонон – ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ ибрози назар намуда‚ зикр карданд‚ ки сулҳу субот ва ин рўзҳои орому озод бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони Ватан ба даст омадааст ва ин фазои орому осударо чун гавҳараки чашм эҳтиёт бояд кард.

Ҳифзи сарҳадоти Ватан ва таъмини амнияти кишвар вазифаи бевоситаи ҳар ҷавонмарди кишвар аст‚ ки синнаш ба 18-солагӣ расидааст. Ба ҷо овардани ин рисолат боиси ифтихор ва сарбаландӣ ба ҳисоб меравад.

Чунин мулоқот он рўз дар ду минтақаи шаҳр – ҷамоатҳои деҳоти Патар ва ба номи Э. Шарифов бо ҷалби сокинони кулли ҷамоатҳо сурат гирифт‚ ки ҳозирин қаноатмандии хешро аз суҳбати басо мароқангез баён намуданд.

С.Содиқов, сармуҳаррири рӯзномаи маҳаллӣ

Возврат к списку новостей