Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675059
Сегодня
48
На этой неделе
1571
В этом месяце
6627
Итого
675059
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.04.2019

Иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин»

11 апрели соли равон дар тарабхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳавасмандгардонии занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ва бахшида ба «Солҳои 2019-2021-солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Ҳайати ҳакамон завқи баланди оростани хони идона ва дастурхони кадбонуҳоро аз рӯи маҳорати баланди пазандагӣ, омода намудани таомҳои миллии қадима, хӯрокҳои миллии замонавӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо, анвои гуногуни нонро ба инобат гирифта, ғолибонро муайян карданд.

Намояндаи шаҳри Конибодом корманди Беморхонаи марказӣ  Ҷабборова Ирода дар бахши «Маҳорати сарфаю сариштакорӣ дар омода намудани таомҳои миллӣ» соҳиби ҷойи сеюм, диплом ва 800 сомонӣ мукофотпулии Раиси вилоят гардид.

Ҳамзамон, санаи 13 апрели соли 2019 ғолибони озмуни вилоятии «Кадбонуи беҳтарин»​ дар боғи “Ирам”-и шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Намояндагони шаҳрамон дар озмуни мазкур бо пешниҳоди 20 намуди нон ва пухтани резапалав соҳиби диплому туҳфаҳо гардиданд. Аз ҷумла, ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, кадбонуҳои моҳир Оқилова Хуршеда ва Қосимова Фотима диплому сипосномаҳо тақдим гашт.

 

                                                      Дафтари матбуоти раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей