Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675056
Сегодня
45
На этой неделе
1568
В этом месяце
6624
Итого
675056
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

13.04.2019

Ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Конибодом дар семоҳаи аввали соли 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2019 дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст овард, аз  ҷумла:

                                                       АНДОЗ

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102  фоиз таъмин гардида, ба ҷои 24 млн. 781 ҳазор  сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 25 млн. 369 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша  588 ҳазор  сомонӣ зиёд аст.

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) – 101 фоиз, андози иҷтимоӣ 104 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111 фоиз таъмин гардид.

Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин карда шуд, ба буҷет ба ҷои 13 млн. 254 ҳазор сомонӣ 13 млн.633 ҳазор сомонӣ маблағҳо пардохт карда шуданд, ки аз нақша 379 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз 10 намуди андозҳо иҷрои 8 намуди  он таъмин карда шуда, 2 намуди андоз иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 88  ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагашт. 

Дар давраи ҳисоботӣ бақияи қарза андозҳо ҳамагӣ  3 млн. 671 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати 1 январи соли 2019 ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

САНОАТ

Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ 50 млн 918 ҳазор  сомониро ташкил кард. Афзоиши суръати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 165,5 фоизро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 20 млн 154 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶС Бодом 211 фоиз, ҶДММ Нафтрасон 3,4 маротиб, ҶС Шоҳон 2 маротиб, Корхонаи  Таъмири қатораҳои Маҳрам 167 фоиз, ҶДММ Созандагони диёр 1,7 маротиб ва ҶДММ Моҳии заррин 160 фоиз афзуд.

Дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, васеъ намудани истеҳсолот, ба кор даровардани коргоҳҳои аз фаъолият бозмонда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда низ пайваста корҳо идома доранд.

Раванди истеҳсолот дар натиҷаи сафарбар намудани захираҳои дохилӣ ва ташкили дурусти кор дар корхонаҳои саноатии шаҳр сол аз сол  беҳтар шуда истодааст, ки дар ин раванд Корхонаи Таъмири қатораҳои Маҳрам намунаи ибрат аст.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ   моро водор менамояд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои муассир андешем.

                                                   БАРҚ

Дар  семоҳаи соли ҷорӣ мувофиқи хоҷагии халқи шаҳр  сатҳи пардохти барқи истифодашуда ҳамагӣ 73,8 фоиз, аз он ҷумла пардохт аз тарафи аҳолӣ 82,2 фоизро ташкил дод.

Дар моҳи марти соли равон ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 90 ва 125 фоизро дар бар гирифт.

Қарзи умумии истифодашудаи қувваи барқ 24 млн 299 ҳазор  сомонӣ, аз  ҷумла, 2 млн 788 ҳазор сомонӣ қарзи соли ҷориро ташкил медиҳад.

                 

СОХТМОН

Бахшида ба ҷашнгирии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта ба истифода додани 506 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли 2018 93 иншоот, соли 2019 45 иншоот, ҷамъ 138 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла,сохтмони 33 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, 8 адади он схта ба истифода дода шудааст.   

            

КИШОВАРЗӢ

Дар соҳаи кишоварзии шаҳр дар семоҳи аввали соли равон ҷиҳати истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, амалисозии рушди устувори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуд.

СОҲАИ РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 1271 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 635 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла кишти пахта дар майдони   699 гектар (214), картошка 95  гектар (106) ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 52,4 гектар (38) зиёд аст.

Ба ҳолати 10 апрел кишти 2700 гектар пахта, 70 гектар сабзавот, 201 гектар картошка, гузаронида шуд ва аз тарафи кишоварзони шаҳр баҳри ҳосили дилхоҳ гирифтан заминаи мустаҳкам гузошта шуда истодааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, таҳти №793 «Дар бораи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғани гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва дар ин замина баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ, то санаи 10 апрели соли равон дар майдони 132 гектар боғу токзорҳои нав бунёд ва 202 гектар боғу токзорҳо барқарор гардонида шуд, ки нисбати дурнамо мутаносибан 92 ва 152 гектар зиёд аст.

Инчунин,  дар шаҳр 17 гектар боғҳои интенсивӣ, аз он 3 гектар ниҳолҳои қадпасти серҳосили зардолу ва 14 гектар ниҳолҳои қадпасти чормағз бунёд гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 гектар зиёд мебошад.

 

Соҳаи чорводорӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 35 млн. 634 ҳазор сомонӣ маҳсулоти соҳаи чорводорӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсол  100,6 фоиз таъмин гардид.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  парвариши 40822 сар чорвои калон, аз он модагов 20697 сар, 42620 сар гӯсфанду буз, 278 сар асп, 83434 сар парранда ба роҳ монда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда саршумори чорвои калон 137 сар, гӯсфанду буз 155 сар ва саршумори парранда 2783 сар зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин давра 977,7 тонна гӯшт, 5911 тонна шир ва 1 млн. 852 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 7,2 тонна, шир 28,8 тонна ва тухм 3 ҳазор дона зиёд мебошад.

Инчунин соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар ҳаҷми 1,7 тн ба роҳ монда шуд.

Наслгирӣ аз моли калони шохдор 1023 сар ва аз моли майдаи шохдор 7024 сарро ташкил дод.

 

Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо

Ба ҳолати 1 апрели соли равон 357 гектар њҳҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид, ки аз нақша 3 гектар зиёд аст. Инчунин шартномабандии сетарафа байни Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ассотсисатсияҳои  истифоданбарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шакли обистифодабарандагон ба пуррагӣ барои хизматрасонӣ дар масоҳати 20748 гектар заминҳои кишоварзӣ аз ҷониби 15 адад Ассотсисатсияҳои истифодабарандагони об ва зиёда аз 7970 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба охир расонида шуд.

 

                                                Шуғли аҳолӣ

Баҳри бештар бо ҷои кори таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва ташкил кардани алоқаи бевосита байни корфармоён ва корҷўяндагон  5 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Дар рафти ярмаркаҳо 43 нафар бо ҷои кори таъмин шуда, 55 нафар ба касбомўзӣ ҷалб карда шуд ва ба 15 нафар  ба маблағи 65000 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок  дода шуд, ки дар натиҷа онҳо имконияти ба соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуданд.

Ба ҳолати 1 апрели соли ҳисоботӣ 32224 нафар шаҳрвандони шаҳри Конибодом дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва аз тарафи онҳо ба воситаи бонкҳо дар семоҳаи соли равон 9 млн.303 ҳазор доллар маблағ интиқол гардидааст, ки барои беҳтар гардидани ҳолати молиявии оила ва ҷалби маблағҳо барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи кормандони маошгир 8560 нафар буда, нисбати давраи муқоисавӣ 229 нафар зиёд шудаанд ва музди миёнаи моҳонаи онҳо 870 сомониро ташкил медиҳад. Музди маоши моҳи марти соли 2019 пурра пардохт шудааст.  

Дар моҳи январ-марти соли 2019 мувофиқи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад. Шумораи нафақагирон дар ин давра 18467 нафар буда, нафақаи онҳо саривақт дар ду баст пардохт шуда истодааст.

 

МАОРИФ

Дар давраи ҳисоботӣ  шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 55 ададро ташкил дод, аз ҷумла 50 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 мактаб-парваришгоҳ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 1 литсей ва 1 гимназия фаъолият намуданд.

Дар ин давра зиёда аз 120 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ ширкат намуда, 20 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ин шумора 11 нафар хонандагон дар даври аввали олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба 1 медали тилло, 2 нуқра, 1 медали биринҷӣ  ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. 

 

ТАНДУРУСТӢ

Солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии  тиббӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солим кӯшиш менамояд.

 Соли равон  вазъи эпидемиологӣ нисбати бемориҳои сироятӣ беҳтар шуда, бемориҳои домана, сӯхтанӣ, хорӣ ва вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.  Шумораи умумии кормандони тиб 2307 нафар  буда, аз онҳо 273  наар табибон, 1509  нафар  кормандони миёнаи тиб, 525 нафар кормандони хурд ва хоҷагӣ мебошанд.  

Дар ин давра бо саҳмгузорӣ аз ҷониби Лоиҳаи Сино панҷ адад марказҳои саломатии деҳот аз тармими кулл бароварда шуда, дар онҳо ҳуҷраҳои махсус барои гузаронидани хатнаи кӯдакон таъсис ва ба таври муосир таҷҳизонида шуданд.     

Нисбати  ҳамин давраи соли гузашта бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зардпарварин 34 адад, шадиди рӯда 8 адад, обакон  58 адад кам гардида, барангезандаи гепатити “В” ба 20  ва тепки ба 51 ҳодиса афзудааст.

Дар ин давра шумораи умумии беморони гирифтори ВНМО  222 нафар буда,  2 нафар бемории сил/ ВНМО  ба қайд гирифта шуда,  дар семоҳаи аввали соли равон 12 нафар дарёфт гардиданд.   

Шумораи беморони сил 324 (391) нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 67 ҳодиса кам гардидааст.

ФАРҲАНГ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  шаҳр бахшида ба солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  корҳои муайянро ба сомон мерасонад.

Вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба гиромидошту ҳифзи мероси қадимаи ҳудуди шаҳру деҳот ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ аз нав ба қайд гирифта шуда,  оид ба ҳифзу нигаҳдошти чунин иншоот масъулони сохтору ташкилотҳои марбута вазифадор гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ  бо дастури Раиси вилояти Суғд бунёди Қасри фарҳанг дар заминаи бинои кинотеатри ба номи К.Ёрматов ба нақша гирифта шуда, таҳияи лоиҳаи он ба анҷом расонида шудааст.

Ҳамчунин, аз оғози соли 2019 боғи фарҳангиву фароғатии Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ ба тавозуни бахши фарҳанги шаҳр гузаронида шуд.

 

ЗАНҲО

Дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии шаҳр саҳми занҳо назаррас аст.

Шумораи умумии занҳо дар шаҳр  106 ҳазор нафар буда, занони қобили меҳнат  62 ҳазор нафарро ташкил мекунанд. Алҳол, аз миёни занон  168 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта,  1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 7 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  ва   28 нафар вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳо мебошанд. Дар хизмати давлатӣ  43 нафар занон қарор дошта,  463 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 12 адад Марказҳои адрасбофӣ мавҷуданд, ки занону духтарон метавонанд нозукиҳои касби адрасбофиро омӯзанд ва имрӯз дар ин марказҳо 2140 нафар ҳунармандон фаъолият дошта, теъдоди занҳои хонашини ба ин шуғл фарогирифташуда 4280 нафарро ташкил медиҳанд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занони хонашин ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнати баргашта, барҳам додани ҳолатҳои даст задани шаҳрвандон ба хушунат ва зӯровари дар оила ва ташаккули тарзи ҳаёти солим моҳҳои феврал – марти соли ҷорӣ дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр вохӯриҳои судманд бо сокинон гузаронида шуд. Новобаста аз он  дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳодисаи худкуши ҳамаги 10 адад ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 2 нафар занон мебошанд.

 Ҷудошавии оилаҳо  дар се моҳи 2019  89 адад ба қайд гирифта шудааст, ки  аз он   60 адад бо қарори суд, 29 адад бо розигии тарафайн буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018   2 адад зиёд аст ва масъулини соҳаро зарур аст, ки корбариро дар ин самт ҷоннок намоянд.

 

ҶАВОНОН, ВАРЗИШ

Шумораи ҷавонон дар шаҳр 71 ҳазор нафар буда, 34 ҳазору 700 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.  Дар ин давра ба мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонони шаҳру деҳот  таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Дар шаҳр 190 адад иншооти варзишӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 адад варзишгоҳ, 124 адад майдончаҳои варзишӣ, 54 адад толорҳои варзишӣ, 2 адад  ҳавзи шиноварӣ ва 8 адад иншоотҳои махсуси варзишӣ  мебошанд. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 адад мактабҳои варзишӣ амал менамояд.

Варзишгарони ҷавони шаҳр дар чорабиниҳои варзишии шаҳри иштироки фаъолона намуда, 105 адад медал ба даст оварданд.

Дар шаҳр 190 адад иншооти варзишӣ  ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 адад варзишгоҳ, 124 адад майдончаҳои варзишӣ, 54 адад толорҳои варзишӣ, 2 адад ҳавзи шиноварӣ ва 8 адад иншоотҳои махсуси варзишӣ мебошанд. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 адад мактабҳои варзишӣ амал менамояд.

      Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб миёни ҷавонон, бахусус пешгирии шомилшавии онҳо ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову экстремистӣ ва ҷалби бештар   ба варзиш ва фарҳанг ба  сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуда,  минбаъд дар назар дошта шудааст, ки дар ҳар як маҳалла ва деҳа майдончаҳои варзишӣ сохта шаванд.  

 

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

  • ифзи иҷтимоии аҳоли яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Дар ҳудуди шаҳр Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимои ба маъюбон ва пиронсолон, Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд “Орзу”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайванди шаҳрвандӣ” оиди амалигардонидани лоиҳаи “Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташ маҳдуд” фаъолият менамояд.

Шумораи бошандагони муваққатии рӯзона дар муассисаҳои мазкур 59 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳаҷми маблағи аз буҷети маҳалли барои ҳифзи иҷтимои пешбинишуда 103,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимои ба маъюбон, пиронсолон ва барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар сатҳи зарури ба роҳ монда шудааст. Ба маъюбони гуруҳҳои 1 ва 2 хизматрасонии тиббии ройгон расонида мешавад. Маъюбон дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр ва беморхонаи минтақавӣ барои иштирокчиёну Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар карда шуда утоқҳои алоҳидаи табобатӣ ташкил карда шуда, ҳамаи онҳо бо маводи дорувории ройгон таъмин карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3814 оилаи камбизоат аз кӯмаки унвонии иҷтимои бархурдор мебошанд.

Дар маҷмуъ, дар  семоҳаи аввали соли 2019 мувофиқи шаҳр дар арафа ва рӯзҳои ҷашни иду маросимҳо аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва аз ҷониби сарпарастон кӯмакҳои расонидашуда 1655 нафар шахсони мӯҳтоҷ ва оилаҳои эҳтиёҷмандонро дарбар гирифта, маблағи умумии он 135 ҳазору 735 сомониро ташкил медиҳад

                      ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 - 411 адад тӯю маросимҳо баргузор гардида, маблағи харҷгардида 2 миллиону 235 ҳазор сомониро ташкил дод. Маблағи ба ҳар як тӯю маросим харҷгардида дар семоҳаи аввали соли равон 5 ҳазору 437 сомонӣ аст. Дар давраи ҳисоботӣ 5 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 1 адад кам мебошад.

Теъдоди донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд 45 нафар буда, айни ҳол 6 нафар дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки аз онҳо 1 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ аст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои  мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар мувофиқа бо шуъбаи Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр гурӯҳи кори таъсис дода шуда, аз ҷониби онҳо бо волидайн, хешу табор ва ҳамсинфону ҳамсояшон барои ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонаидани донишҷуёни дар хориҷи кишвар қарордошта мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад.

                                             ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Дар давраи ҳисоботи ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 424 адад мактубҳо аз ташкилоту муаасисаҳо ворид шудааст, инчунин дар ин давра 873 адад арзу шикоятҳо ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 адад кам буда, 89,6 фоиз -ро ташкил медиҳад. Ҳамаи муроҷиатҳо дар асоси талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт баррасӣ  мегарданд.                      

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз дастуру супоришҳо ва роҳандозии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва дар ин замина саривақт иҷро намудани ӯҳдадориҳои иҷтимою вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд.

 

               

                      

 

 

 

Возврат к списку новостей