Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675054
Сегодня
43
На этой неделе
1566
В этом месяце
6622
Итого
675054
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

15.04.2019

ТТЭ ҲНИ - пиёдакунандаи ҳадафҳои СПИИ

Пешрафт ва тараққиёти асри ХХI -ро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯзҳо мардуми кишвар ва метавон гуфт, ки тамоми қишри ҷомеа ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба тамоми васоити ахбори оммаи олам ва дигар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ дастрасии бемалол доранд ва аз тамоми хабару гузоришҳои олам огаҳанду маълумоти пурраро аз манбаву сарчашмаҳои расмӣ дастрас менамоянд. Дар як муддати кӯтоҳ хабари ба рӯихати созмонҳои террористӣ дохил кардани хадамоти махсуси Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба тамоми олам паҳн гардидааст ва метавон ба чанд забонҳои хориҷӣ онро дастрас намуд. Ин хабарро мехонаму он хиёнате, ки СПИИ ба воситаи ТТЭ ҲНИ ба миллати тоҷик кардааст, пеши назар оварда дар тарозуи шариат, дар тарозуи ақл, дар тарозуи инсонӣ ва дар тамоми тарозуҳое, ки дастрасӣ ҳар як инсони солиму солеҳ аст, бармекашем ва дар муқобили он фақат ва фақат мо куштор, фитна, сафи мусалмононро кам кардан ва аз номи ислом мусалмононро ба муқобили ҳам гузоштанро мебинем ва ангушти ҳайрат мегазем, ки чаро исломи азизро, ки бо хешу табор ва наздикон ва инчунин бо ҳамсояву дӯстон ва бо шиносу ношинос ҳатто гумони бад доштану гумони бад карданро манъ мекунад, ин СПИИ ва пиёдакунандаи ҳадафу мақсадҳои он ТТЭ ҲНИ ва монанди ин ташкилотҳои ба ном исломӣ даст ба фитнаву куштор мезананд, ки дар як худи Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди 150 ҳазор тоҷикистониён қурбони дасти ин душманони инсоният гардидаанд ва 1 млн. нафар аз хонаву дари худ дур афтода, дар ғарибӣ чи вазниниву даҳшатҳоро аз сар гузарониданд ва чи қадар дар мулки бегона ҷон ба ҳақ таслим намудаанд ва ин ҳама боз дарси ибрат нашуд ва шояд кам буд, ки хадамоти махсуси Эрон имрӯзҳо низ чанд нафарро боз маблағгузорӣ намуда, ба муқобили миллати тинҷу ором ва муттаҳид бо ташкил намудани сомонаҳои интернетӣ ва созмону ташкилотҳо ва дар ин асос ҷавононро ба шиашавӣ ва дар муқобили мазҳаби бобоӣ қадам заданро ташвиқу тарғиб мекунад. Аз сиёсати зидди исломию зидди инсонии СПИИ (Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ), ки ба воситаи  ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон чи қадар мусибату парешониҳо ба сари халқу миллат омад, чи қадар занҳо шавҳарони худро аз даст доданд, чи қадар фарзандон ятим гардидаанд, ки таъсири он то ҳол дар ҷомеа боқист ва ҳоло кам нестанд он нафароне, ки ин ифротиҳоро дастгирӣ мекунанд ва бояд чунин нафарон бидонанд, ки оқибати фитна ва ба муқобили халқу миллати худ қадам задан фақат ва фақат пушаймонӣ асту дар ғарибӣ марги фоҷиавиро интизор шудан аст.

Дар ҳамин нуқта истода барои ҳамагон аз суханони Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) далелеро меорем, ки такон ва ҳушёрдиҳандае бошад барои чунин нафарон, ки ба хотири моли дунё ва барои пиёда кардани ҳадафу мақсадҳои худ исломи азизро истифода мебаранд: ”Дар охири замон афроди маккор ва ҳилагар пайдо мешаванд, ки ба баҳонаи дин, дунёро шикор мекунанд. Онҳо ба манзури изҳор ва нишон додани дарвешӣ ва мискинии худ ба мардум ва мутаассир кардани мардум аз худ либоси пашмин мепӯшанд. Забонҳои онҳо ширинтар аз шакар аст, вале дилҳои онон монанди дили гург хоҳад буд. Худованди мутаъол мегӯяд, ки оё инҳо аз мӯҳлат додани ман фиреб хӯрдаанд ва ё аз ман биме надошта ҷуръати мубориза бо манро кардаанд. Пас маро савганд ба зоти ман, ки ин маккоронро мубтало ба фитнае, ки аз миёни худи эшон бархоҳад хост, хоҳам кард, ки бузургон ва донишмандони онҳоро дар буҳту ҳайрон қарор хоҳад дод”. (Тирмизӣ).

Ҳидоятов Н., имом ва хатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш. Конибодом

 

 

Возврат к списку новостей