Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675052
Сегодня
41
На этой неделе
1564
В этом месяце
6620
Итого
675052
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

15.04.2019

ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ!

Дар таърихи начандон дури ҷаҳон бисёр ҳодисаҳо маъмул аст, ки ҳам Амрико ва ҳам кишварҳои Аврупо ба мамлакатҳои мусулмоннишин зада даромаданд. Масалан, дар Ироқ бо баҳонаи дарёфти яроқи қатли ом ворид гашта, Саддом Ҳусайнро ба дор кашиданд; Муаммар Қаззофиро ба ҳалокат расонида, Либияро ба ҳоли табоҳ оварданд, ба суханони Башшор Асад дар бораи мавҷудияти террористон дар ибтидо гўш накарданд. Аслан, ба онҳо на Саддом Ҳусайн, на Муаммар Қаззофӣ лозим набуд, балки боигариҳо ва нефти ин кишварҳо лозим буд. Ҳам акнун гандумнамои ҷавфурўшӣ карда, мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунанд ва баҳонаашон ҳамон баҳонаҳои пешина аст.  Худо накунад, ки дар Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин иғвогарон фитнаеро ба вуҷуд оранд.

Намояндагони расмии Тоҷикистон хуб карданд, ки ҳангоми суханронии Кабирӣ ба таври эътироз ин ҷаласаро тарк кардаанд. Эй аҳли мухолифини берун аз кишвар! Бо ин амалаш ҳукумати кунунии Тоҷикистон кори хуберо ба сомон мерасонад. Ин ҳукумат ҳукумати солҳои 90-ум нест, ки ба ҳар дасисаи оппозитсия муросо кунад. «Беадабро ҳар куҷо бинӣ бикӯб, Хирс мулло мешавад бо зарби чўб!» - мегўяд ҳикмати халқ ва бо ҳамин ҳикмат корбарӣ мекунад.

Ҷаноби Кабирӣ ҳарчӣ гӯяд ҳам, як ҳақиқатро бояд ба назар гирифт. Ҳар ҳукумат, дар тамоми кишварҳои дунё нисбати нафароне, ки ба ҳодисаҳои террористӣ ва ё экстремистӣ робита доранд, сарашонро сила карда, барояшон медалу орден надодааст ва намедиҳад.

Кабирӣ танҳо фарёд мезанаду халос, номи кишвареро, ки обу нонашро хӯрдааст, сиёҳ мекунад. Дигар мардум на ба худи ӯ ва на ба ҳизбаш бовар надорад!

 

                                          Азимҷон Бобоҷонзода, раиси КИШ ҲХДТ

 

Возврат к списку новостей