Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

690352
Сегодня
170
На этой неделе
484
В этом месяце
484
Итого
690352
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

12.04.2019

Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2019

10 апрели соли равон баъди анҷоми иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум), тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси фаъолон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти  рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2019 баргузор гардид.

Сараввал, дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал муовини якуми шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2019» баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст овард, аз  ҷумла:

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 24 млн. 781 ҳазор сомонии дар нақша пешбинигардида ба буҷет 25 млн. 369 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша  588 ҳазор  сомонӣ зиёд аст. Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) – 101 фоиз, андози иҷтимоӣ 104 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 111 фоиз таъмин гардид.

Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 103 фоиз таъмин карда шуд, ба буҷет ба ҷои 13 млн. 254 ҳазор сомонӣ 13 млн.633 ҳазор сомонӣ маблағҳо пардохт карда шуданд, ки аз нақша 379 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз 10 намуди андозҳо иҷрои 8 намуди он таъмин карда шуда, 2 намуди андоз иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 88  ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагашт.

Зикр гаридид, ки бахшида ба ҷашнгирии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта ба истифода додани 506 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли 2018 93 иншоот, соли 2019 45 иншоот, ҷамъ 138 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла,сохтмони 33 адад майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, 8 адади он сохта ба истифода дода шудааст.   

Дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони 1271 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 635 гектар зиёд мебошад. Ба ҳолати 1 апрели соли равон 357 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид, ки аз нақша 3 гектар зиёд аст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра зиёда аз 120 нафар хонандагони мактабҳои шаҳр дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ ширкат намуда, 20 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ин шумора 11 нафар хонандагон дар даври аввали олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба гирифтани 1 медали тилло, 2 нуқра, 1 медали биринҷӣ ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба гиромидошту ҳифзи мероси қадимаи ҳудуди шаҳру деҳот ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ аз нав ба қайд гирифта шуда,  оид ба ҳифзу нигаҳдошти чунин иншоот масъулони сохтору ташкилотҳои марбута вазифадор гардидаанд. Варзишгарони ҷавони шаҳр дар чорабиниҳои варзишии шаҳри иштироки фаъолона намуда, 105 адад медал ба даст оварданд.

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб миёни ҷавонон, бахусус пешгирии шомилшавии онҳо ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову экстремистӣ ва ҷалби бештар   ба варзиш ва фарҳанг ба  сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хоса дода шуда,  минбаъд дар назар дошта шудааст, ки дар ҳар як маҳалла ва деҳа майдончаҳои варзишӣ сохта шаванд.  

Сипас, раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо аз муовини аввал ва муовинони раиси шаҳр, як қатор роҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, нозироти андоз, раёсатҳои кишоварзӣ, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, Идораи шабакаҳои барқ, Идораи кумитаи замин, раёсати омор, раёсати маориф, Беморхонаи марказии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои кор оид ба дин, амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, раисони Ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ пурсиш ба амал овард.

Инчунин, дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналии”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Б., ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Ш., иштирок намуданд.

Муовини директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналии”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Б., дар назди ҳозирин баромад намуда оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози ақида намуда, дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулини соҳаҳо пурсиш намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ дар ин самт даъват ба амал овард. 

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Ш., оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр баромад намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла рушди соҳаи кишоварзӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуд.

Дар фарҷоми маҷлис, ҷиҳати саривақт таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд дар масъалаҳои пешрафти ҷомеа, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, вусъат бахшидан ба корҳои тозагӣ ва ободонӣ ба роҳбарон ва фаъолон вазифагузориҳо карда шуданд.

               Дафтари матбуоти раиси шаҳр

       

 

Возврат к списку новостей