Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

690351
Сегодня
169
На этой неделе
483
В этом месяце
483
Итого
690351
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

11.04.2019

Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати 5)

10 апрели соли 2019 иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум) барпо гардид. Дар кори иҷлосия раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло иштирок намуданд. Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум)-ро Ҳомидӣ Илҳом Мухтор, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Қӯруқ»№21 оғоз намуд.

 Дар кори иҷлосия чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

  1. Дар бораи тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати 5) аз ҳавзаи интихоботии “Айнӣ”№38.
  2.  Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 “Дар бораи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода Зафарбек”

3. Дар бораи рафти татбиқи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»

 4. Дар бораи пешниҳоди комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ.

5. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

6. Ахбороти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Б.Фаррух” №20 Мухторов Баҳром Маъмурҷонович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш.

7. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати 5) аз ҳавзаи интихоботии “Айнӣ” №38, раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом Бобоҷонов И., баромад намуда, вакилон бо қарори худ протоколи комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Айнӣ” №38-ро тасдиқ намуданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1228 “Дар бораи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин намудани Давлатзода Зафарбек” лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома “Дар бораи рафти татбиқи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ И.М. баромад намуд. Аз рӯи масъалаи мазкур, инчунин Тоиров Б.- вакил аз ҳавзаи интихоботии “Нариманов” №7 баромад намуда, вакилон қарори дахлдор қабул намуданд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома “Дар бораи пешниҳоди комиссияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои  вобаста ба номгузории муассисаву ташкилотҳо, таълимгоҳҳо ва объектҳои физикию ҷуғрофӣ”, муовини раиси шаҳр Ашӯрматзода З., баромад намуд ва лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома низ вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзнома вакилон қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои кадрӣ:

  • Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №37 аз 31 январи соли 2019, “Оид аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Деҳаи обод»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов озод намудани Маҳмудов Шариф Солиевич”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №40 аз 31 январи соли 2019, “Оид ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Деҳаи обод»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов таъин намудани Сулаймонов Истамбой Бердиқулович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №70 аз 22 феврали соли 2019, “Оид аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Деҳаи обод»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов озод намудани Сулаймонов Истамбой Бердиқулович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №17 аз 14 январи соли 2019, “Оид аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нури нав» - и Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев озод намудани Қодиров Абдуҳафиз Ахмедович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №39 аз 31 январи соли 2019, “Оид ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Нури нав – 2016»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев таъин намудани Разоқов Абдуҷалил Тошпӯлотович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №38 аз 31 январи соли 2019, “Оид аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии “Раҳнамо”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ озод намудани Бойбобоев Амон Икромович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №96 аз 15 марти соли 2019, “Оид ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии “Раҳнамо”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин намудани Набиев Холмирзо Бурхонович”.

Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №126 аз 8 апрели соли 2019, “Оид ба мансаби мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъин намудани Саидӣ Баҳодур Абдурашидзода”, инчунин қарор “Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №796 аз 11 декабри соли 2018, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи буҷети маҳаллӣ барои семоҳаи чоруми соли 2018” ва қарор “Дар бораи тасдиқ намудани қарори раиси шаҳр №112 аз 29 марти соли 2019, “Оид ба ворид намудани тағйирот ба нақшаи буҷети маҳаллӣ барои семоҳаи якуми соли 2019”, ҳамзамон 1 қарор оид ба мувозина гузаронидани биноҳо, 3 қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии моликияти давлатӣ, 1 қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамзамон, 6 қарор оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, 9 қарор оид ба ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби бақияи озоди буҷети маҳаллӣ, ҷамъ 20 адад  қарорҳоро қабул намуданд.

Ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (даъвати панҷум) пешниҳодгашта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо садо додани суруди миллӣ кори худро ба анҷом расонид.

Акмал Ализода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей