Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675054
Сегодня
43
На этой неделе
1566
В этом месяце
6622
Итого
675054
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

13.04.2019

Даври шаҳрии фестивал-озмуни ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

Бо мақсади рушди ҳунарҳои халқӣ, эҳёи таомҳои миллии қадима, баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавонон ва ривоҷу равнақи ҳунармандӣ бо ташаббуси шуъбаи шуғли аҳолӣ ва филиали муассисаи давлатии "Мактаби эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ" дар шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом  дар назди чойхонаи «Баҳодур» даври шаҳрии фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳр Илҳом Ҳомидӣ дар назди иштирокдорон ва меҳмонони чорабинӣ сухан ронда, аз иқдомҳои роҳбарияти шаҳри Конибодом вобаста ба дастгирии ҳунармандон ёдовар шуд. Зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста мекӯшад, ки баҳри пешравии кори ҳунармандон ва эҷодкорон чораҳои муассир андешида, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошад. Номбурда аз имкониятҳои мавҷуда ва имтиёзҳо барои ҳунармандон иттилоъ дода, барои иштирок дар озмунҳои минбаъда муваффақиятҳо таманно кард.

Дар фестивал-озмун ҳунармандон аз шаҳру деҳот фаъолона ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастиро манзури ҳайати ҳакамон ва меҳмонон гардониданд.

Озмун дар 4 бахш сурат гирифта, дар бахши «Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо» нонпаз - Матлюба Собирова ғолиб дониста шуд. Дар бахши «Беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз матоъ ва ришта бофандаи моҳир Ҳисомова Барно ғолибият ба даст овард. Дар бахши «Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб» кандакор - Эркаев Бахтиёр ва дар бахши чорум – «Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз санг ва оҳан - оҳангар Ҳомидов Абдуманон сазовори ҷойҳои аввал гардида, бо диплому туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд. Инчунин, ба роҳбарияти 6 ҷамоати деҳот барои пешниҳоди намунаи мухталифи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъолона сипосномахо ва ба як гуруҳ ҳунармандон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр такдим шуд.

Дафтари матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр

Возврат к списку новостей