Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665702
Сегодня
130
На этой неделе
423
В этом месяце
3157
Итого
665702
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

13.03.2019

БОЗИҲОИ НАВБАТИИ ДАСИСАБОЗОН

Вақтҳои охир садои дасисабозону худхоҳони миллат аз хориҷи кишвар боло шуда, даъвои ватанхоҳию  «бунёди Тоҷикистони навин» мекунанду худро озодандешу фарҳангшинос тарошида, андешаҳои ғайру ғаразноки худро бо мавқеи шахсиятҳои барўманди миллат баробар мегиранд. Берун аз марзи Ватан намоишҳо барпо мекунанд, чуноне ки дар шаҳри Берлини Олмон ба қавли худашон «тазоҳурот» ташкил намуданд. Аммо, касеро, ки хонаи худро гузошта, бари домони бегонаро гирифтааст, кӣ бовар мекунад? Ин амали онҳо ғайр аз шармандагӣ чизи дигаре нест ва аллакай  мавриди масхараву хандахариши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтанд. Бо рафтору кирдори беандешонаи худ назди халқу миллат обрў гум карда, кунун чун киштии дар гирдоби бало ғарқшаванда аз ҳар буттае мадад меҷўянд. Такя ба хоҷагони бегона меоранд.

Бо ин кирдори ғаразноки худ ба сулҳу суботи кишвар рахна зада, байни мардум эҳсоси бадбинӣ ба вуҷуд оварданианд. Шояд бехабар аз он ки чунин бозиҳои пасипардагиашонро  халқи азиятдидаи тоҷик фаромўш накардааст, зеро оқибатҳои фоҷиабори онро аз сар гузаронидаанд. Мардуми тоҷик ин амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро маҳкум мекунанд. Зеро хуб медонанд, ки чӣ ҳадаф доранд.

Таҳти сарварии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Тоҷикистони навин  дар миқёси ҷаҳон бо ободкориву рушди босуръати худ шуҳратёр гардид. Агар онҳо низ ғамхори ин Ватан мебуданд, ба фоидаи оғоҳои бегона кўшиш ба харҷ надода, бо халқу миллати худ якҷоя қадам мезаданд.

Акмалҷон Шарифов,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Конибодом 

Возврат к списку новостей