Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665699
Сегодня
127
На этой неделе
420
В этом месяце
3154
Итого
665699
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.03.2019

ҲАРЗАГЎИҲОИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Аз расонаҳои хабарӣ дарёфтам, ки душманони миллат аз хориҷи кишвар ҳаракати босмачиёнро ба манфиати худ маънидод менамоянд.  Таърихшиносон  дар асарҳои худ нисбати онҳо баҳои ҳақиқӣ дода, кӣ буданашонро муаррифӣ кардаанд.

Аз таърих маълум аст, ки аксарияти босмачиён шахсони гумроҳшуда, камбағал, аммо сардорашон боёни мансабу сарватгумкарда буданд, ки онҳоро «қўрбошӣ» мегуфтанд. Гунаҳкорони асосӣ ҳамон қўрбошиҳо буданд. Мардуми одии меҳнаткашро бо роҳи тарсонидан, суханҳои дурўғу буҳтон,  бо истифода аз дини ислом барои амалӣ кардани мақсадҳои нопокашон ҷалб мекарданд. Босмачиён бо роҳи зўроварӣ ба талаву тороҷи моли мардум даст мезаданд, ки ба  амалиёти террористони имрўза монанд аст.

Қувваҳои зидди ҳокимияти шўравӣ ва ҳокимияти қонунии Тоҷикистон дар солҳои 90 - уми асри ХХ як марому мақсад доштанд. Ҳамаи онҳо мехостанд бо «ҳар роҳ» ба мансаб роҳ ёбанд. Фарқи онҳо дар он аст, ки  пешвоёни ҳаракати босмачиёнро ҳокимияти Шўравӣ аз мансаб ва мақоми дар ҷамъият доштаашон маҳрум карда буд. Роҳи интихобкардаи онҳо барои ба мақсад расидан як хел аст, яъне бо роҳи зўрӣ ва истифодаи ёрии моддӣ ва маънавии давлатҳои хориҷӣ. Аммо аслан ҳамаи онҳо бозичаи хоҷаҳои хориҷӣ буданд. Босмачипарварони имрўза низ бо онҳо ҳаммароманд ва ҳамон мақсадро доранд. Аз ин сабаб ин худхоҳии онҳо вазъиятро муташанниҷ месозад. Мо, омўзгорон дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон пурзўр намуда, нагузорем, ки ҷавонони мо ба қатори ин гуруҳи бадкина пайваста, сафи онҳоро зиёд гардонанд.

А. АБДУРАШИДОВ, омўзгори коллеҷи омўзгорӣ,

Возврат к списку новостей