Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665698
Сегодня
126
На этой неделе
419
В этом месяце
3153
Итого
665698
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

14.03.2019

ЧАШМУ ДИЛИ БЕДОР МЕБОЯД

Вақтҳои охир намояндагони ТЭТ ҲНИ бо ақидаҳои бемантиқ дар хориҷи кишвар  баромад карда, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд мекунанд ва ҳама корҳои ифлоси худро бар дўши дигарон бор карданианд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки маҳз аъзоёни ҳамин гуруҳ байни мардум ҷанги шаҳрвандиро барангехтанд. Ягон инсони солимфикр зиндагии хушбахтонаи мардумро монеъ намешавад, магар шахси манфиатҷўву ҷоҳталаб. Имрӯз ин ҷоҳталабон бо ҳар васила боз сўйи мансабҳои роҳбарикунанда роҳ кушоданиянд. Аммо дигар кӣ ба онҳо бовар мекунад? Халқи тоҷик кайҳо аз хоби ғафлат бедор гаштаву хуб медонад, ки об куҷо равон аст. Замоне роҳбари пухтакори давлатамон ба хотири осоиштагӣ вазифаҳои давлатиро ба қисме аз онҳо бовар карданд ва ҳама диданд, ки чӣ натиҷа бахшид. Хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ба мо дарси ҳушёрӣ дод ва рафтори ў боз як бор исбот кард, ки мори даруни остин рўзе ба парваришкунандааш заҳр мезанад.

Агар Кабириву тарафдоронаш дилсўзи Ватан мебуданду мақсади ободии онро медоштанд, имрўз паҳлўи мо баҳри расидан ба ин мақсад талош меварзиданд ва ҳиссагузор мешуданд. Аммо кадоме аз аъзоёни ҲНИ-ро гуфта метавонем, ки барои Тоҷикистон дилсўзие зоҳир кардааст? Кунун  баҳри чӣ аз ҳар сўрохӣ гоҳ - гоҳе овоз баланд мекунанд? Дар кадом асос даъвои ватандўстӣ доранд, дар ҳоле, ки ба хоҷагони бегона камари хизмат бастаанд? Боз мехоҳанд мардумро ба шўр андозанду обро лой карда моҳӣ доранд? Шармашон намеояд, ки ниқоб аз рўяшон фитодаву парда аз найрангашон бардошта шудааст? Ҳанўзам ташнаи хуни бародаранду тарафдори нооромиву ноҷўриҳоянд? Дили бадкинаи онҳо қабули онро надорад, ки халқи пуршарафи мо рў ба корҳои бузург овардаву Ватани азизамон байни давлатҳои пешрафта мақом пайдо мекунад. Роғуни афсонаро ба ҳақиқат бадал намуд. Нигоҳи ҷаҳониён ба мо дигар гашт. Мамалакати мо дар марҳилаи нави тараққӣ қарор дорад. Аз минбарҳои баланд садои Сарвари давлат танинандоз гашта, муаммоҳои ҷаҳониро мавриди таҳлилу тадбир қарор  медиҳанд. Пешниҳодҳояш аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф мегарданд. Моро мебояд аз як гиребон сар бароварда, Пешвои муаззами хешро тарафдор бошем, на ин ки кафкўбӣ ба ақидаҳои ғайр кунем. Аз ин рў, ба кабириҳо гуфтанием, ки бас аст дасисабозиву тафриқаандозӣ. Дили торикатонро аз нури сафои халқи хеш равшан кунед. Барои ободии Ватан ва беҳбудии мардум  кўшед, на ба хизмати оғоҳои бегона. Шуморо рўзе халқи худ кор ояд, на он хоҷагони бегона. Ахиран, бояд дарк кунед, ки шумо танҳо зинае ҳастед, барои расидан ба мақсадҳои оғоҳоятон. То охир зинаи зери пояшон мемонед. Барои дарки он ақли бузург лозим нест, чашмонатонро аз хоби ғафлат кушоед!

Марҳабо Муллоҷонова

Возврат к списку новостей