Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665703
Сегодня
131
На этой неделе
424
В этом месяце
3158
Итого
665703
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

12.03.2019

Ба тарбияи фарзандон бояд диққат дод!

Фарзандон ояндасозони айёми пирии волидон мебошанд. Пирии осудаҳолона, зиндагии ободи давраи кӯҳансолии волидон аз тарбияи дурусти фарзандон, дар руҳи ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯст, солим, ба халқу миллати хеш содиқ тарбия намудани онҳо аз бисёр ҷиҳат ба волидони онҳо вобаста аст. Ҳар як сухан андеша ва муносибати волидон ба зуҳуроти ҷомеаи имрӯза барои фарзандон намунаи ибрат мебошад.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи муосир ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, шахсони ба манфиати миллату халқи худ хиёнаткарда аз қабили роҳбари ҳизби мамнуъ эълоншудаи ТЭТ ҲНИТ – М.Кабирӣ гумроҳ Сайидюнус Бурҳонови истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов, Файзиниссо Воҳидова хело зиёданд, ки бо нишондоди хоҷагони хориҷии худ бо ҳар восита мехоҳанд оромиву суботи мамлакатро халалдор созанд. Ҷавонони ноогоҳи моро гумроҳ намуда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил намудан мехоҳанд. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама волидон ва сониян мактабу омӯзгоронро зарур аст, ки ба мақсадҳои ниҳонии ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз қабили «Ҷабҳат-ан-нусра», «Ҳизбут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ» ва ғайраҳо дуруст сарфаҳм рафта фарзандони худро аз шомилшавӣ ба чунин ҳаракатҳо эмин доранд.

Дар шароити имрӯза, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ривоҷ ёфтааст, ҳар як ҷавон мехоҳад, ки касбу кори баландпардохтшаванда пайдо намуда, кору зиндагии хешро бо зудди дар сатҳи дилхоҳ қарор диҳад, бинобар орӣ будан аз таҷрибаи зиндагӣ, зудбоварии хос ба ҷавонони дар сатҳи паст маърифаташон қарор дошта, аз мақсадҳои нопоку ғаразноки ҳаракатҳои ифроти ноогоҳ фирефтаи ваъдаҳои беасосу бардурӯғ оид ба зиндагии афсонавӣ гардида, аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба зери таъсири чунин эмиссарҳои хориҷӣ афтода боиси ғаму андӯҳи волидон мегарданд.

Волидонро зарур аст, ки ба таври доимӣ ба истифодабарии телефонҳои мобилии фарзандонаш, баҳрабардории онҳо аз сайтҳои иҷтимоии интернетӣ бохабар бошанд.

Мактаб, омӯзгорон, равоншиноси муассисаҳои таълимӣ дар боло бурдани маърифати волидон, ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли навсози ҷомеа ҳамроҳ, ҳамқадами онҳо буда, дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав шарики боэътимоди онҳо ба ҳисоб мераванд.

Мо якҷоя метавонем пеши роҳи ин зуҳуроти манфиро дар ҷомеаи имрӯза гирем.

                                         Неъматов Ғ,  директори МТМУ №32

Возврат к списку новостей