Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665698
Сегодня
126
На этой неделе
419
В этом месяце
3153
Итого
665698
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

11.03.2019

Ба ифтихори рӯзи матбуоти тоҷик "САБАҚИ БЕҲТАРИН"

Меҳри қалам, ишқи сухан ва истеъдоди қаламкашӣ бобоям Тӯхтасун Ҷаббориро ба даргоҳи муқаддаси рӯзномаву матбуот оварда буд. Дар ин ҷода роҳи умр паймуда, яке аз зиёиёни пешқадам, рӯзноманигори пуристеъдоди Тоҷикистон гаштанд. Дар сафи устодонашон Ҳоҷӣ Содиқ, Раҳим Ҷалил ва дигар шахсиятҳои шинохта қарор гирифтанд.

Ёд дорам, рӯзҳои хуши солҳои 1990-ро, ки сари дастархон пайвандону наберагон сарҷамъ будему бобоям қиссагӯӣ мекарданд. Мо, наберагон бо завқи беандоза гӯш мекардем аз пандҳояшон сабақ мегирифтем. Ҷонфизо буд, қиссаҳои ибратбахши бобоям.

Имрӯз ёди он рӯзҳоро мекунаму насиҳатҳои бобоям, ки бароям панди зиндагӣ ва рахшонкунандаи роҳи ҳаётам гаштааст, дар гўшам садо медиҳанд. «Муаллими беҳтарин ин зиндагӣ аст. Кӯшед, ки аз ҳар лаҳзаи ҳаёт панд гиред» мегуфтанд, ки ҳақиқатан ҳикмате доштааст.

Бароям сарманшаи ифтихор аст, пайванди чунин шахси бузург будан. Шарафмандам, ки бо дуои неки бобоям пешаи омўзгориро интихоб кардам ва имрўз насли ояндасози миллатро дониш меомўзонаму дар вуҷудашон тухми маърифат мекорам. Кўшиш ба харҷ медиҳам, арзандаи номи бузургонам бошам ва баҳри ояндаи ободу пешрафти Тожикистони азизам ҳиссаи арзанда гузорам.                            


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                              Адиба Ҷабборӣ,  мутахассиси раёсати маориф

 

 

Возврат к списку новостей