Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665697
Сегодня
125
На этой неделе
418
В этом месяце
3152
Итого
665697
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

12.03.2019

Наврӯз: аз ҷашни мардумӣ то арсаи ҷаҳонӣ

Халқи тоҷик аз дарозои таърих то ба имрӯз ба гиромидошти ҷашну маросимҳои миллии худ сахт устувор мебошад. Аслан ҷашну  идҳо ва тантанаҳои миллии мо дар сиришти худ ваҳдату ҳаммаромӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва якдиливу ҳамбастагиро ифода медоранд ва аз ин ҷост, ки онро мардум на вобаста аз мушкилоту печидагиҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихӣ ҳамеша ҳифз намуда,  то ба имруз интиқол додаанд.

Наврӯз аз қадиматарин ҷашни мардумии халқи тоҷик  буда , пайдоиш ва ташаккули он ба ҳеч як дину оин ва кешу мазҳаб иртиботе надорад. Метавон ба чанд далели мантиқӣ собит намуд, ки Наврӯз заминаи сирф мардумӣ дорад, на динӣ.

Аввал ин ки мардуми гузаштаи тоҷик бисёр иду маросимҳое доштанд, ки он дар чор давраи сол ба хотири танҳо тағйири табиат аз шакл ба шакли дигар таҷлил карда мешуд. Чунончи, Наврӯз низ зода ва мутаваллиди фасли баҳор буда, он рамзи эҳёи табиат, оғози кишту кор ва меҳнати бебоконаи марди деҳқонро ифода месозад. Пушида нест, ки аҷдодони мо аслан шуғли деҳқонӣ дошта, мояи рӯзгузаронии онҳо аз ҳамин касбият буд. Пас, ба далели аввал, Наврӯз ҷашни марди деҳқон аст, на аз ягон дину мазҳаб.

Сониян, агар ба сарчашмаҳои пайдоиши Наврӯз такя шавад, маълум мегардад, ки заминаи асосии бавуҷудоии ин ҷашн наҷоти миллати Ҷамшед аз сардии сахте, ки дар замони салтанати ӯ ба вуҷуд омада буд, мебошад. «…Чун Ҷамшед, хабар ёфт, ки кишвари ӯро сармои шадиде дар пеш аст, аз ҳар махлуқе ҷуфти беҳтаринро дохили киштӣ кард ва пасон болои куҳ баромад. Замини он рӯзгор ончунон гирифтори сардӣ шуд, ки ғайр аз киштибудагон ҳама нобуд шуданд. Чун сардӣ сипарӣ шуд, Ҷамшед ҳамроҳи паноҳбурдагон рӯи замин омад ва ин рӯзро  ид кард ва онро Наврӯз номид…».

Ҳарчанд ин ривоят ҷанбаи мифологӣ дорад, аммо он собит медорад, ки пайдоиши Наврӯз на ба хоставу аркони дину мазҳабе рӯи кор омадааст, балки мардум ин рӯзро ҳамчун рамзи наҷоту эминӣ аз фалокати табиӣ бунёд гузоштанд ва онро Наврӯз, яъне рӯзи нав номиданд.

Дигар ин ки Наврӯз дар доираи барпоияти худ на ба унвони ҷашни мазҳабӣ таҷлил мегашт. Агар он чунин мебуд, пас, дар радифи садҳо урфу оинҳои динӣ, ки баъди домангустарии ислом дар Осиёи Миёна ба гӯшаи нобудӣ расиданд,он ҳам аз байн мерафт.

Мусаллам аст, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ душманони фарҳангу оини миллии мо баҳонаи  бӯи диниву мазҳабӣ доштани Наврӯзро намуда, талош ба азбайнбарии он кардаанд. Аммо чун сиришти ин ҷашни аҷдодиро халқият ва оммавӣ будан ташкил медиҳад, он аз насл ба насл то ба имрӯз бо тамоми расму оинҳояш интиқол ёфт.

Дар даврони Истиқлолият, зери сиёсати Пешвои фарҳангпарвари мо, ҷашнҳои миллаамон умри дубора пайдо кард, ки  Наврӯз ҳам аз қабили онҳост. Пешвои муаззами миллат зимни як суханронии худ таъкид кардаанд, ки «Наврӯз ҳеч вақт иди мазҳабӣ набуду нест ва он ҳамчун иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад… Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангиву миллии моро дар тинати худ ҳифз кардааст».

Ин дидгоҳи роҳбари олии кишвар воқебинона буда, бо камоли майл метавон гуфт, ки Наврӯз фақат ва фақат ҷашни мардумӣ буда метавонаду халос. Маҳз, ташаббусҳои Президенти кишвар буд, ки Наврӯз аз як ҷашни милливу мардумӣ ба мақоми ҷаҳонӣ расид.

Аз дидгоҳи исломӣ, хоса мазҳаби Имоми Аъзам баргузор намудани чунин љашну маросимҳо ҳеҷ маҳдудият надорад. Баъдан, чун фалсафаи ин ҷашн ҳамбастагиву ҳаммаромӣ ва ваҳдату иттифоқиро дорад, ин авомил ҳеҷ мухолифате бо  ислом намеварзад.

Ҷомеаи намозгузорони масҷиди «Арабои боло» ва масҷиди марказии Сарв нисбат ба ҳар гуна сару садоҳо, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ зуҳур кардааст ва он ғайр аз нигоҳи нотавонбинонаи душманони фарҳанги ин миллати соҳибтамаддун беш нест, комилан муқобиландеша буда, ин афкори онҳоро қатъин маҳкум менамояд.

Аббосхон Аброров, сархатиби ш.Конибодом,

Мансурҷон Назиров, имомхатиби масҷиди Арабои боло

 

Возврат к списку новостей