Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665697
Сегодня
125
На этой неделе
418
В этом месяце
3152
Итого
665697
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.03.2019

Арҷгузорӣ ба зан-модар

Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷамъомад доир ба ҳаёту фаъолияти бонувони фаъолу барӯманди шаҳр ва собиқадорони меҳнат филми мустанад таҳти унвони «Зиндагиафрӯз» намоиш дода шуд.

И.в. раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода бонувонро ба муносибати ин иди бошукуҳ шодбош гуфта, аз мавқею мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуд. Аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳакимҷон табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳозирон расонида шуд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ 28 нафар занони пешқадами шаҳр ва бонувони роҳбарикунанда, ки дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳм гузоштаанд, бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ гардиданд.

Идомаи чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Модар дар тарабхонаи «Тоҷи Канд» сари дастурхони идона бо иштироки 300 нафар занони барӯманди диёр ва бонувони фаъоли соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷараён ёфт. Барномаи рангини санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ба тантана шукӯҳу шаҳомати идона бахшид.

Инчунин, идомаи тантанаи идонаи Рӯзи Модар тибқи нақшаи чораҷӯии махсус дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот бо ширкати фаъолзанони ҳудуди ҷамоат ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки санъаткорони хонаҳои фарҳанги ҳудуди ҷамоат хотирмону бошукуҳ таҷлил гардид. Ҳамзамон, дар ташкилоту муассисот маҳфилҳои идона ба истиқболи иди бонувон доир карда шуд.

Ҳамчунин, тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ лавҳаю очеркҳо ва суҳбату мусоҳибаҳо таҳия ва пахш гардида, дар саҳифаҳои нашрияи маҳаллии «Садои Конибодом», нашрияи раёсати маорифи шаҳр «Анвори маърифат» ва нашрияи хусусии «Нурафшони Канд» оид ба нақши зан дар ҷомеа маводҳои ҷолиб дарҷ гардиданд.

Дар арафа ва рӯзҳои ҷашн аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва саховатпешагон занони собиқадор, модарони дар сохти конститутсионӣ фарзандгумкарда ва яккаву танҳо аёдат карда шуда, кӯмакҳои  пулию моддӣ расонида шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей