Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665697
Сегодня
125
На этой неделе
418
В этом месяце
3152
Итого
665697
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

05.03.2019

Мискин харак орзуи дум кард…

Мискин харак орзуи дум кард…

Имрӯзҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ дар бораи яке аз аъзоёни «Гуруҳи 24» Шарофиддин Гадоев, ки фаъолияти онҳо ҳамчун гуруҳи иғвобарангез ва экстремистӣ мамнуъ эълон шудааст, сару садоҳои бисёре расонаӣ шуда истодаанд.

Вақте Ш. Гадоев тавассути Русия ба пойтахти кишварамон Душанбе омад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рафта, аз кардааш пушаймон буданашро иқрор намуд, дили ҳамтоёни хориҷиаш- Муҳиддин Кабирию думравони ӯ ба таҳлука афтод. Чунки онҳо гӯё «муттаҳид шуда» ташкилоти бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро созмон дода буданд, акнун асрори ниҳони онҳоро Шарифиддин Гадоев фош мекунад. То ташкилшавии ин иттиҳоди тақаллубӣ онҳо дар алоҳидагӣ дар таҳхонаҳои хоҷагонашон (дар хориҷи кишвар) сабақ мегирифтанду аз спонсорҳояшон забонкӯтоҳ буданд. Ҳар замон дар баъзе ҷамъомадҳо бо нишондоди хоҷагони сагпарасти фолбину азоимхонашон ба сӯи кишвари азизамон сангпартоӣ мекунанд.

Яке аз идеологфолбини ёвагӯи Кабирӣ-Саидюнуси Истаравшанӣ ҳадс мезанаду исбот карданӣ мешавад, ки Шарофиддин Гадоевро зӯран аз Маскав дастгир намуда, ба Душанбе интиқол дода бошанд. Шояд онҳо имрӯз аз сояи худ ҳам тарсанд. Чунки акнун бисёр нақшаҳои бебунёди матраҳкардаи хоинони рӯбаҳмизоҷи харгӯшдил рӯи об баромада истодааст.

Дидан аз шунидан авлотар аст. Шарофиддин Гадоев дар назди ҳазорон тамошобин ба кирдори ношоистааш иқрору пушаймон буданашро изҳор намуд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш  ба мисли қаҳрамони ҳикояти Шайх Саъдӣ аст, ки «Хари бедум орзуи дум мекунад, вале аз кирдори ноҷояш дӯ гӯш гум мекунад». Ҳоло як гўши ӯ соҳибашро тарк гуфт. Акнун кадом узваш ӯро фиреб медода бошад?

Деҳқон Каримзода

 

Возврат к списку новостей