Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

690357
Сегодня
175
На этой неделе
489
В этом месяце
489
Итого
690357
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

09.02.2019

Дар х/д «О.Каримов»-и Ҷ/д Патар ба кишти картошка оғоз бахшида шуд

Дар идомаи боздиди корӣ аз ҷ/д Патар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода аз хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дидан намуд. Дар хоҷагии деҳқонии "О.Каримов" бо дуои неки пирони кор ба кишти картошка оғоз бахшида шуд. Дар хоҷагии мазкур, ки соли 2014 таъсис дода шуда, сарвариашро Муродҷон Каримов бар уҳда дорад, дар майдони 2 га асосан боғи интенсивӣ ташкил карда шуда, барои самаранок истифода бурдани замин байни қаторҳо намудҳои гуногуни сабзавот низ мекоранд. Инак, дар байни қаторҳои боғи интенсивӣ имсол дар майдони 1 гектар картошка кишт карда, ният доранд аз ин намуди зироат низ ҳосили дилхоҳ рӯёнанд.

Дар маҷмуъ, соли ҷорӣ дар заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоат дар майдони 100 гектар картошка кишт карда мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек ба деҳқонон барори кор хоста, ба истифодаи самараноки замин ва таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба сифати маҳсулотро даъват кард.

Маркази матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей