Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

675067
Сегодня
56
На этой неделе
1579
В этом месяце
6635
Итого
675067
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

05.02.2019

Ҷилваи ҳусн (таассурот аз фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ»)

 2 феврал толори кохи фарҳанги шаҳр гулзореро мемонд, ки ҷилваи гулҳои рангоранги дилрабояш назари ҳар бинандаро ба худ мекашид. Духтарони гулрух ба бар атласу чакан кокулони пурмавҷашонро алвонҷ дода товусвор мехиромиданд. Аз табассуми малеҳашон фазо шукуфазор гашта буд. Ба гумон баҳори нозанин ташриф фармуда. Сутунҳои толор бо атласу адрас оро ёфта, як тараф намоиши ҳунарҳои миллӣ, тарафи дигар маҳсули ҳунари пухтупази занону духтарон ба намоиш гузошта шуда буд.
Аз қадим занони тоҷик ба ороиши мўй диққати ҷиддӣ медоданд ва зулфи дароз мерос аз русуми ниёгон буда, ба ҳусни духтарон ҳусни тоза зам мекунад. Ҷилваи он чун дастаи суман дили бинандаро мафтун сохта, мояи ифтихори соҳибаш аст. Ба хотири эҳё ва тарғиби анъанаву маросимҳо, либоси милливу мўи дарози тоҷикона, тарзи бофтану ороиши он бо қарори
раиси вилоят даври аввали Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» дар саросари вилоят идома дорад, ки он дар ин толор низ духтарони гесударозро ба ҳам овардааст. Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нигора Ғаффорзода,  номзади илмҳои филологӣ, ноиб – ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Б. Ғафуров Рухсора Давлатзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Нодира Мирзозода меҳмонони чорабинӣ буданд.
Баъди суханронии муовини раиси шаҳр Замира Ашурматзода бахши аввали озмун бо ҳунари машшотагон - ороиши мўй ба тарзи қадима дар маросими саршўёну арӯсбиёрон оғоз ёфт. Зери навои сурнай ва чаҳ-чаҳи хониши булбул дар саҳна духтари мўйдарозе кўза ба даст сўи ҷўи об кабквор хиромид. Паи вай ҷавони шайдову мафтун ҳам расид. Духтар аз оби зулол нўши ҷон намуда, кўзаашро пуроб кард, ин вақт гесувони
дарозаш баробари ў сари об хам гашта, ҳусни ўронотакрор сохт. Ҷавон қарор гум карда, бо табассум кафи обе сўи духтар пошид, духтар шармгинона кўзаашро бардошта равон гашту
ҷавони аз ҳусни ў ҷодугашта аз қафояш рафт.
Ин саҳна чунон табиӣ буд, ки нишастагонро лаҳзае ба олами худ кашид. Пасон гуруҳ-гуруҳ духтарони мўйдароз бо либоси миллӣ пайдо гашта, зулфи дугонаи наварўсашонро, ки то соқи пойҳояш мерасид, шона мезаданду гоҳ-гоҳе дар навои суруди шўхи Зубайда Мўминова товусвор мечархиданд. Пас аз машшотагӣ арўсро таҳти навои «ёр-ёр» зери чодар гирифтанд ва нақшҳои рангаи сўзании момоӣ болои сараш чун гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ мавҷзанон сўи хонаи бахт гусел карданд.
Навбат ба дастаи рақсии «Гулдаста» расид ва гулдухтарони раққоса ба «Сайри гул» баромаданд. Зери навои дилнишин бо ҷилваҳои дилангез рақси ҷолибе ба анҷом расиду ба кафкўбии
тамошобинон сазовор гаштанд.
Бахши дуюми озмун таҳти навои «Шашмақом» шуруъ шуда, саҳнае пешкаш гардид, ки шоҳи ҷавону бовиқор аз гуруҳи духтарони зебо соҳибҷамолеро, ки мўйи дарозтарин дошт, интихоб мекунад ва бадеҳахонии ҳарду хеле хуш садо дод.
Шарти сеюми озмун ороиши мўй ва намоиши либосҳои
замонавӣ буд, ки машшотаҳо дар саҳна мўи духтаронро бо мувофиқати сару либосашон, ки арўсӣ, тўёна, миллӣ ва барои шабнишинӣ пешбинӣ шуда буд, зери навои суруди Дилшод
Зоиров оро дода, манзури тамошобинон карданд. Кормандони кўдакистони №4 саҳначаеро бо мазмуни орзуи ҳар як хушдоман ва серхаридор будани духтари мўйдарози тарбиядидаву ҳунарманд манзури тамошобинон гардониданд.
Дастаи гулдухтарон ба суруди «Ҷингила муй дорӣ» ва «Зулфота хам-хам задаӣ», «Чакра чакидан гирад» рақси ҷолибе ба анҷом расониданд. Дар бахши сеюм корманди кошонаи ҳусни
«Шаҳло» Шаҳло Мамадҷонова, дар бахши дуюм гулдухтарони коллеҷи тиббӣ ва дар бахши аввал раёсати маориф ғолибият ба даст оварданд. Барои иштироки фаъолона дар ороиши дастархон ва намоиши ҳунарҳои миллӣ кормандони ҷамоатҳои деҳоти Патар ва Ортиқов, раиси Шўрои раёсати маориф Норбоева бо сипосномаи раиси шаҳр мукофотонида шуданд.
Басаҳнагузоранда, корманди бахши фарҳанг Фазилат Ҷўраева бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

Мавзуна   Ҷӯраева, мудири шуъбаи кор бо зан ва оилаи миҳд-д-и шаҳри Конибодом

 

 

Возврат к списку новостей