Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

659853
Сегодня
51
На этой неделе
1133
В этом месяце
2893
Итого
659853
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.02.2019

Шиносоӣ бо фаъолияти бонувони ҳунарманди деҳоти Конибодом

 Шиносоӣ бо фаъолияти бонувони ҳунарманди деҳоти Конибодом

                              

Ҷиҳати татбиқи нақшаи вилоятии «Мавқеи занони деҳот дар рушди ҷомеа» бо мақсади амалигардонии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо аҳволу рӯзгори занони деҳот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд- Фирӯза Раҳимӣ ва аъзои Шӯрои занони кумиҷроияи вилоятӣ Хайринисо Темирова ба ҷамоатҳои деҳоти «Пӯлотон», «Патар» ва «Ғафурҷон Ортиқов»-и шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Меҳмононро мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом –Фирӯза Шерматова, Раиси Шӯрои занони ҷамоати деҳоти Пӯлотон –Зоирова Муътабархон ва раиси кумитаи маҳаллаи Маданият-Ҷӯраева Қаноатҷон ҳамроҳӣ намуданд.

Шиносоӣ тариқи ҳавлӣ ба ҳавлӣ сурат гирифта, аз панҷ оилаи ҳунарманди ҷамоатҳои деҳот: Акрамова Малоҳат - қуроқдӯз, Соҳибова Моҳира - ҷомадӯз, Отаҷонова Назира - зардӯз, Деҳқонова Муяссар - муҳрабоф ва аз сехи адрасбофии навтаъсиси адрасбофӣ дар маҳаллаи Шарифҷон Ҳусейнзода дидан намуданд.

Фирӯза Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  мақсади вохӯриро баён дошта, дар мавриди нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба масъалаҳои ҷудошавии оилаҳо, иҷроиши қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар бораи либосҳои ғайрирасмии бонувон ва ҷалби занон ба ҳунару ҳунармандӣ ҳарф зад.

Занони маҳалла дархосту пешниҳодоти худро баён доштанд. Суҳбат бо бонувони ҳунарманди деҳоти Конибодом хеле самимӣ анҷом ёфт.

Возврат к списку новостей