Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

659861
Сегодня
59
На этой неделе
1141
В этом месяце
2901
Итого
659861
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.02.2019

Корҳои ободонӣ ва сохтмони бинои нави МТМ№48

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар гӯшаву канори шаҳр сокинон ба ободонӣ камари ҳиммат бастаанд. Ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №48 (воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев) ҳудуди таълимгоҳро тоза намуда, дар ҳашари ободонӣ фаъолона ширкат варзиданд. Бо кӯмаки падару модарони хонандагони синфҳои болоӣ боми бинои мактаб таъмир карда шуд. Дар муассисаи таълимии мазкур 429 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 45 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Бинои ҳозираи мактаб ба талаботи таҳсил ҷавобгӯ набуда, дар шафати он бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба сохтмони бинои нави мактаб шуруъ кардаанд. Ҳангоми боздиди корӣ аз ҷамоати мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода аз сохтмони бинои нави таълимгоҳ дидан карда, баҳри ҳарчи зудтар ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва таъмини шароити хубтар барои таҳсил супоришҳо доданд. Барои сохтмони мактаб аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ низ маблағ ҷудо мегардад.

Тавре аз маъмурияти муассиса иттилоъ доданд, алҳол омӯзгорону хонандагон ҷиҳати барвақттар анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва сомони ободкориҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дафтари матбуоти раиси  шаҳр

Возврат к списку новостей