Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654916
Сегодня
28
На этой неделе
379
В этом месяце
5519
Итого
654916
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

11.01.2019

Худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ

Худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ

Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷомеа ҳамчун доғи рӯз ва аз масъалаҳои мубрам ном бурда мешавад, ин худкушӣ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст. Ҳар як инсони солиму солеҳ бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмате аст, ки Худованди меҳрубон барояш ато намуда, то дар зиндагӣ ба сабаби ба ҷо овардани амалҳои неку солеҳ ба дараҷаҳои болову воло дар назди Худо ва халқи Худо расида бошад ва дар ин асос дар охират соҳибқадру соҳибдараҷа гардад. Вале, афсӯс нафароне ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба ин амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд, худ ва аҳли оилаи худ ва инчунин наздиконро сархам мекунанд. Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд.

Худованди меҳрубон мефармояд: ”Ва худро накушед...Ва ҳар кас чунин кунад аз рӯи таҷовуз ва ситам, пас ба зудӣ вайро дар оташ дармеоварем ва ин кор бар Худо осон аст”. (Сураи Нисо, ҷузъе аз ояти 29ва 30).

Паёмбари гиромиқадр (дуруду  салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки худро бо чизе ба қатл мерасонад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамон чиз азоб дода мешавад”.  (Бухорӣ, Муслим).

Дар ҳадис омадааст: “Ҳар кӣ заҳре бинӯшад, пас бимирад, он заҳрро дар оташи дӯзах низ менӯшад дар ҳоле ки дар азоби он абадӣ мемонад. Ҳар кӣ худашро аз баландие партофта бимирад, пас ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад, дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад”.

Пайғамбари бузургвор мефармоянд: “Миёни умматҳои пеш аз шумо марде ҷароҳате бардошт ва аз шиддати дард корде гирифт ва бо он дасташро буррид ва аз рафтани хуни зиёд мурд, пас Худованд фармуд: Бандаам дар гирифтани ҷони худ бар Ман пешдастӣ кард, ҳар оина биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам”.

Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром буда, аз гуноҳони кабира маҳсуб меёбад ва соҳибони ин амал аҳли дӯзах қаламдод шудаанд ва биҳишт барои онҳо ҳаром гардонида шудааст ва он хонадоне, ки ин амали зишт аз тарафи яке аз аъзоёни он анҷом ёфтааст, аҳли он дар ҷомеа сархаманду санги вазнинеро дар дӯш мебардоранд ва ин нанг то дер аз ёди мардум намеравад.

Нуруллохон Ҳидоятов, муовини раиси шӯрои уламои дини ш.Конибодом

 

Возврат к списку новостей