Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665702
Сегодня
130
На этой неделе
423
В этом месяце
3157
Итого
665702
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

10.01.2019

Паём- дастур, Паём- раҳнамо

Паёми Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби ҳикмату насиҳат барои мардуми кишвар мебошад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати баррасӣ ва омўзиши Паёми сарвари давлат байни ҷомеа корҳои тарѓиботӣ ва ташвиқотӣ бурда, вохўриву мулоқотҳо баргузор намуда истодааст. Чунин як вохўрӣ дар Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳр бо иштироки роҳбарони маҳфилҳо сурат гирифт. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба моҳияти арзишманди Паём ҳамчун роҳнамову дастур маълумот дода, аз роҳбарони маҳфилҳо даъват ба амал овард, ки эълон шудани солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар роҳи ба ҳунару ҳунаромўзӣ ҷалб намудани муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва сайқал додани маҳорати адрасу қолинбофӣ, гулдўзию пазандагӣ , рассомиву ихтироъкорӣ барои онҳо имконияти хубе фароҳам меорад. Ҳамчунин, директори марказ Иброҳимова Д. оид ба нуктаҳои Паёми сарвари давлат дар бораи  маориф ҳарф зада,  ба роҳбарони маҳфилҳои забони русӣ ва англисӣ супориш дод, ки сатҳу сифати омўзишро дар маҳфили «Забондонӣ» ҷоннок намоянд. Баррасиву омӯзиши Паёми Пешвои миллат дигар ташкилоту муассисаҳо низ ҷараён дорад.

Возврат к списку новостей