Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665697
Сегодня
125
На этой неделе
418
В этом месяце
3152
Итого
665697
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

10.01.2019

Терроризм ҳамеша хонахароб аст

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, рисолати худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат,  инчунин вазифаи ҳар як шахси  ватандӯст мебошад.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ва ба воситаи  зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳвари ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст,  экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафхои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунонданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидахои динии онҳост.    

Маҳз бо ин роҳу восита  мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафхои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.  Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.  Аз ин рӯ,  ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро  ва гурӯҳҳои террористиро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, Ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст:

«Ин содир намудани амалҳое мебошад,  ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он максади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ,  вайрон кардани бехатарии чамъиятӣ,  тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки масоили доғи  рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд:

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Хулоса мо бояд ҳамаи ҷавононро бисёртар ба роҳи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ҳидоят намоем.  Чунки ҷавонон ояндаи миллатанд. Шароити имрӯзаи мо торафт  хуб шуда истодааст.  Ба ҷавонон  курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ   таъсис дода шавад, ки  ҷавонон омада  касбу ҳунар омӯзанд ва  ба  корҳои  беҳуда шуғл наварзанд.

Дар коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом ҳам курсҳои кўтоҳмуддат “Ронандаи  автомобил  дараҷаи “В”, “Кафшергари барқӣ ва газӣ”,  “Њаррот”, “Барқчӣ”, “Муҳосиб бо донистани кор бо компютер”, “I-C муҳосибот”, “Коргузор”, “Дузандагӣ”, “Пешхизмат”,  “Қаннод” ва “Истифодабарии техникии  таҷҳизоти обёрӣ” кушода шудааст.      

Ман ба ҷавонон  таклиф  менамоям, ки  дар ин курсҳои  кўтоҳмуддат хонда касб омӯзанд ва дар зиндагии худ истифода бурда,  фарзандони худро  ҳам ба омӯзиши   касбҳо ҳидоят намоянд. Чуноне ки бузурге гуфтааст:

                                         Ҳунар омӯз, ки аз ҳунармандӣ,

                                         Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

 

 

                                                                         Латипова С.А., мутахассиси факултети

                                                                              “Менеҷмент, муҳосибот   ва иттилооти корӣ”                        

Возврат к списку новостей