Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665702
Сегодня
130
На этой неделе
423
В этом месяце
3157
Итого
665702
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

09.01.2019

Силсилаи вохӯриҳо оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби намояндагони ҲХДТ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи шаҳрии ҳизб санаи 08 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом силсилаи мулоқоту вохӯриҳо доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯриҳо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов ширкат варзид.
Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодон, коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзода ва қисми низомии 04080 мулоқотҳои судманд доир гардиданд. 
Зимни вохӯрҳо Фирдавс Саидов доир ба самтҳои асосии Паёми навбатии Сарвари давлат, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда ва нақшаву ҳадафҳои нави матраҳшуда суханронӣ кард. Зикр шуд, ки эълон гардидани солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз мо масъулияти бештар тақозо мекунад. 
Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Конибодом Акмалҷон Шарифов роҷеъ ба дастгирии ҷавонон, ки дар Паём зикр ёфт, сухан кард.

Возврат к списку новостей