Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

645707
Сегодня
120
На этой неделе
340
В этом месяце
3356
Итого
645707
Реквизитҳои Фонди хайриявии "Садоқати Конибодом" ************* Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

07.12.2018

Мухтасар аз таърихи молияи Конибодом

Мақомоти молияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун шохаи муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт дар самти беҳтар гардидани некуҳолии мардум ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми арзанда мегузорад.

Шуъбаи молия (финотдел) бо қарори комиҷроияи ноҳияи Конибодом аз 3 декабри соли 1925 шуъбаи ноҳиявии молия ва аз 10 майи соли 1931 шуъбаи шаҳрии молия ташкил дода шуда буд. Солҳои 1930-1937 ноҳия ба шаҳр ҳамроҳ карда шуда, танҳо шуъбаи шаҳрии молия амал мекард. Аз соли 1937 Конибодом боз ба шаҳру ноҳия тақсим гардид. Аз ҳамон сол дар шаҳру ноҳия ҳам идораи молияи шаҳрӣ ва ҳам идораи молияи ноҳиявӣ ташкил дода шуданд, ки онҳо то якҷояшавии шаҳру ноҳия, яъне то соли 1965 дар канори ҳамдигар амал мекарданд.

Соли 1965 шуъбаи молияи ноҳия (райфинотдел) бо шуъбаи молияи шаҳр (горфинотдел) муттаҳид карда шуданд.

Шуъбаи молияи шаҳрии комиҷроия аз қисмҳои умумӣ, буҷетӣ, муҳосибӣ ва даромади давлатӣ (госдоход) иборат буд.

Шуъбаи молия асосан масъули харҷу дахли буҷети шаҳр аст.

Дар шуъбаи молия тайи солҳои мухталиф чандин нафар роҳбарони соҳибтаҷриба сарварӣ кардаанд. Аз ҷумла, Н.Ҳамроқулов (1935-1940), И.Шукуров, Павел Элагин (1940-1945), Иброҳим Исҳоқов  (1946-1948), Абдуллоев Д., Мамадҷонов Р. аз сардорони аввалини шуъбаи молия буданд. Инчунин, минбаъд роҳбарии соҳаро Мамадҷонов Р. (1952-1979), Фозилов Т. (то соли 1985), Ҳайдаров М. (1985-1986), Исматов Н. (1987-1990), Ҷӯраев Н. (1990-2012), Турсунов Т. (2012-2015), Орифҷонов Ҷ (2015-2016) бар уҳда доштанд.

Аз соли 2016 инҷониб Раёсати молияи шаҳрамонро мутахассиси кордону соҳибмалака Хуршед Абдушукурзода роҳбарӣ намуда, таҳти сарварии ин сарвари соҳибтаҷриба дар соҳа солҳои охир дигаргуниҳои зиёд ба чашм расиданд.

Алҳол дар Раёсати молия 16 нафар корманд фаъолият доранд. Зикри номи кормандони пешқадами соҳа Маҳбубахон Эргашева, Муродҷон Нуриддинов, Истамбой Бобоев ва чандин нафар, ки дар пешбурд ва пурзӯр намудану тақвият бахшидани фаъолияти соҳа ҳиссаи назаррас доранд, боиси ифтихор аст.

                                                                    Парвина Абдуллоева

Возврат к списку новостей