Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665635
Сегодня
63
На этой неделе
356
В этом месяце
3090
Итого
665635
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.12.2018

Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия

Ҳамасола санаи 7 декабр  дар кишвари азизамон  ҳамчун Рӯзи мақомоти молия таҷлил мегардад, ки он ҳамчун қадршиносӣ ва нишонаи арҷгузорӣ нисбат ба фаъолияти  кормандони ин соҳаи  басо муҳим арзёбӣ мегардад. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар Раёсати молияи шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир ширкат варзида, кормандони раёсати молияи шаҳрро ба муносибати иди касбиашон самимона муборакбод намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қаноатманд аз он аст, ки аҳли кормандони раёсати молияи шаҳр тавассути донишу малакаи қавӣ ва таҷрибаи фаровони касбӣ дар ҷодаи пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр ҳамарӯза кӯшишу талош намуда, вазифаҳои пурмасъули хешро сарбаландона иҷро мекунанд ва сиёсати некбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  самти боз ҳам беҳтару хубтар намудани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми мамлакат  ҳамаҷониба амалӣ месозанд. Шаҳрдор изҳори боварӣ намуд, ки кормандони Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ маҳорату малакаи касбиашонро дар самти беҳтар гардидани ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинон мавриди истифода қарор дода, дар рушду пешрафти диёри азизамон ва  ободиву осудагии рӯзгори сокинон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Сардори Раёсати молияи шаҳр Абдушукурзода Хуршед баромад намуда, миннатдори ҷомеаи меҳнатиро ба раиси шаҳр баён намуда,  зикр дошт, ки онҳо минбаъд ҳам софдилона заҳмат кашида, баҳри иҷрои босифати вазифаҳои худ, инчунин пешрафту ободии диёр саҳмгузор гардида, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Собиқадори соҳа Ҷӯрабой Орифҷонов низ ба сухан баромада, аз номи собиқадорони меҳнат арзи сипос намуда, ба мутахассисони ҷавон барои омӯзиши пайваста ва корбарии дуруст маслиҳатҳо дод.

Дар вазъияти тантанавӣ ба аҳли кормандони раёсати молияи шаҳр туҳфаи хотиравӣ ба фаъолону пешқадамон сипосномаи раиси шаҳр ва туҳфаҳо тақдим гардид.

Бояд қайд кард, ки дар ин рӯз дар баробари кормандони кунунии раёсат, инчунин собиқадорони соҳа, аз ҷумла, собиқ роҳбарони раёсат низ даъват карда шуда, қадршиносӣ гардиданд.

Возврат к списку новостей