Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665631
Сегодня
59
На этой неделе
352
В этом месяце
3086
Итого
665631
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.12.2018

НОБ «Роғун»-маҳсули заковат ва устуворандешии Пешвои миллат

Ислом ҳамчун дини мубин ва сулҳу салоҳ уммат ва пайравонашро ба анҷоми амалҳои солеҳ ва манфиатрасонӣ ба аҳли башар талқин менамояд. Қуръони карим ва аҳодиси зиёди набавӣ бар ин масъала ишораҳои фаровон дошта, мардумро ба маромҳои бунёдкорона ва созанда ҳамеша раҳнамун месозад. Ҳанӯз бо таваҷҷуҳи камтарин ба рӯзгори паёмбари гиромӣ метавон пай бурд, ки ислом аз зуҳури хеш ба анҷоми рисолати созандагиву ободкорӣ аҳамияти махсус дода, сохтмонҳои дастҷамъонаи саҳобаҳо ва паёмбари ислом далели рӯшани ин гуфтаҳо аст.

Дар ҳадисе аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Амалҳо ба ният вобастагӣ доранд. Шахс ба ҳар нияте, ки бошад, онро дармеёбад…».

Далели барҷастаи воқеияти ин ҳадисро метавон аз амалҳои анҷомдодаи Пешвои муаззами миллат пай бурд. Дар марҳилаи бисёр ҳассоси таърихӣ, ки миллату давлати тоҷик дар вартаи нобудӣ қарор дошт, Пешвои миллат бешубҳа ба дубора сарҷамъ намудани халқи парешонгашта ва бунёднамоии давлати босуботи миллӣ азми устувор бастанд ва ин буд, ки воқеан аз нияти неки ин марди худодод дубора дар кишвар сулҳу субот барқарор ва давлат аз сари нав обод гардид.

Ҳанӯз дур нест, он рӯзгоре, ки Пешвои миллат устуворона ба бунёд намудани НОБ «Роғун» ният карда буданд ва халқу миллатро ба ҳамдастиву иттиҳод баҳри бунёди ин кохи нур  даъват намуданд. Пӯшида нест, ки  дар он айём мушкилотҳои зиёде дар миён ҷой дошт, ки гоҳе шахс ба воқеияти бадалшавии ин «афсона»-и асрҳо ба ҳақиқат чашми умед баставу шубҳае ба дил ҷой мекард. Аммо аз азми устувор ва дурандешии Пешвои хирадманди тоҷик буд, ки шуълаи умеди бунёди ин нерӯгоҳ рӯз ба рӯз афзунтар мегардид. Ҳанӯз ба гӯш ҳамон таъкидҳои боварибахшандаи Пешвои миллат: «…агар техника надошта бошем, бо зӯри нохунҳоямон мо гесро месозем», танинандозӣ дорад. Воқеан, ҳамин нияти побарҷои Пешвои миллати мо буд, ки дар як марҳилаи кутоҳ чархаи аввали НОБ «Роғун» бунёду ба идомаи корҳо дар ин нерӯгоҳ вусъати тоза бахшида шуд.

Мутаассифона, ҳамоно афроди сиёҳдилу бадхохони ин миллат, ки аз афзудани ин ҳама бунёдкориҳо дар кишвар оташи бухлу ҳасадашон аланга мезанад, садо баланд намудаву дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба талқину тарғиби ҳама гуна андешаҳои пур аз «ҳасрат» ва нотавонбинонаашон майл кардаанд. Чунончӣ, имрӯзҳо дар сомонаҳо метавон навиштаҳоеро аз ҷониби намояндагон ва пайравони ТТЭ ҲНИТ вохӯрд, ки дар онҳо зикр ёфта, ки «бо ба истифода додани чархаи аввали НОБ «Роғун» масъалаи бебарқӣ дар Тоҷикистон ҳалли худро намеёбад».

Шояд ин афроди бехабар ҳанӯз ба ҳисоб надоранд, ки хушбахтона дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки маҳдудияти қувваи барқ комилан барҳам хӯрдааст. Илова бар ин, қобили зикр аст, ки ин ҳама садобаландсозиҳо бори дигар исбот бар он аст, ки наҳзатиён ҳеҷ гоҳ аз пешрафтҳои ҳукумати кишвар хуш нестанд ва онҳо ҳамин акнун симои воқеии худро, ки рахна задан ба пешрафти ҷамъияти мо мебошад, ошкор намуда истодаанд.

Мо, аз ин амали  ноҷавонмардонаи наҳзатиёни тафриқаҷӯй бори дигар амиқан дарк менамоем, ки ин гурӯҳи тундрав ба ғайр аз таҳмили нақшаҳои сиёҳ ба сари мардуми тоҷик чизи дигареро тарҳрезӣ накарда буданд.

Сад ҳазорон бор шукри суботи диёр ва амну салоҳи кишвар ва сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои миллат менамоем, ки аз устуворандешӣ ва заковати эшон мулкамон обод ва фазои диёрамон тинҷу беғубор аст. Ифтитоҳи чархаи аввали НОБ «Роғун» шаҳодатгари он аст, ки мо халқи тоҷик метавонем дар ҳамбастагӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаи роҳбарияти давлат ба нодиртарин дастовардҳо ва амалишавии ниятҳои бузург расида бошем.  Пас, дар анҷоми ин рисолат моро ҳамдилӣ ва муттаҳидӣ ва пайравӣ аз Пешвои хирадманду муаззамамон амри зарурист.   

     Аббосхон Аброров сархатиби ш. Конибодом,

     Мансурчон Назиров имомхатиби масчиди чомеҳи Арабои боло.

Возврат к списку новостей