Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

659850
Сегодня
48
На этой неделе
1130
В этом месяце
2890
Итого
659850
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

06.12.2018

Театр барои пешкаши намоишномаҳои фарҳангӣ ва барномаҳои консертии солинавӣ омодагӣ мегирад

Ҳайати эҷодии театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳрамон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои истиқболи Соли нави милодӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, тибқи нақшаи тасдиқгардида намоишномаҳои ҷолибу барномаҳои рангини солинавӣ таҳия мекунанд.

Чи тавре роҳбари театр Ғайрат Қодиров зимни суҳбат иброз дошт, онҳо ният доранд то тамошобинони наврасу ҷавонро имсол боз ҳам намоишномаҳои шавқовару диққатҷалбкунанда омода ва пешкаш карда, онҳоро руҳан болида намоянд. Аз ҷумла, ҳунармандони театр дар радифи дигар чораандешиҳо дар ин самт намоишномаи ҳайратангези «Роҳзан»-ро, ки пур аз лаҳзаҳои ҳассос вар ангину тарбиявӣ мебошад, манзури мухлисони театр гардониданианд.

Нақшҳои асосӣ ва ёрирасонро дар намоиш Фаррух Ваитов, Мунаввара Раҳмонова, Муқаддас Раҳмонова ва Хушбахт Набиев бозида, тамошобинро ғизои маънавӣ мебахшанд. Дар меҳвари асари мазкур муборизаи некиву бадӣ, торикӣ бар рӯшноӣ ҷараён мегирад. .  

Возврат к списку новостей