Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665629
Сегодня
57
На этой неделе
350
В этом месяце
3084
Итого
665629
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

06.12.2018

Ҳамкорӣ ва ҳамбастагии сохторҳо- кафили пешрафт

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Ашурматзода З. ҷаласаи корӣ доир шуд, ки зимни он нахуст аз роҳбарони сохторҳо аз ҷараёни корҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ибрози назар ва пурсиш ба амал оварда шуд. Ҷиҳати пурзӯр намудани корбарӣ дар самти аз таҳсилоти ғайрирасмии хориҷа баргардонидани ҷавонон,  назорати фаъолияти масҷидҳо ва истифодаи дурусти бинои масҷидҳои ғайрирасмӣ ва фаъолияташон қатъгардида, таҳия намудани барномаҳои консертии гуногун, дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён ва амсоли ин сухан рафта, барои ташкили Шӯрои ҷавонон дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот ва чорабиниҳои мухталиф бо ҷалби ҷавонон дастуру супоришҳо дода шуд. Мавсуф зикр намуд, ки барои пешрафти соҳаҳо корбариро пурзӯр намуда, бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият бурда шавад. Инчунин, барои чораандешиҳо ҷиҳати тақвият бахшидани вазъи моддии театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова, назорати фаъолияти мунтазами баландгӯякҳо, ташкили бастаҳои рӯзномаҳои даврӣ ва саривақт дастраснамоии онҳо аз ҷониби кормандони почтаи шаҳрӣ ва ғайра вазифагузориҳо сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои телевизиони маҳаллӣ барномаҳои ҷолиб ва гузоришҳо омода ва пешкаши сокинон гардонида шавад.

Возврат к списку новостей