Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

659854
Сегодня
52
На этой неделе
1134
В этом месяце
2894
Итого
659854
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

06.12.2018

МОЛИКИЯТИ ХУДРО АЗ СӮХТОР ЭМИН ДОРЕД!

Роҳбарияти қисми мустақили 34-уми Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр иттилоъ медиҳад, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳр аз 35 ҳодисаи сӯхтор асосан дар манзили истиқоматии шаҳрвандон сар зада, ин ҳодисаи нохуш 239350 сомонӣ зарар ба қайд гирифта шудааст. Боиси таассуф аст, ки 2 нафар ба ҳалокат расидааст. Сабабҳои сӯхтор асосан беназорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ, истифодабарии нодурусти таҷҳизотҳои гармкунаки барқӣ, беэҳтиётӣ нисбати оташ ва оташбозии бачагон мебошад. Бештари ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Ҳамробоев ва Пӯлодон ба қайд гирифта шудаанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар иншооти давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ аз 5 ноябр то 20 декабр марҳилаи дуюми амалиёти «Муҳофиза» дар маҳалҳои аҳолинишин, иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, бозорҳо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва саноат идома меёбад. Ҳадафи он пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сўхтор аст. Шаҳрвандони муҳтарам, дар хотир дошта бошед, ки пешгирӣ аз хомӯш намудани сӯхтор осонтар аст. Аз ин рӯ, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намуда, моликият ва ҳаёти худу атрофиёнро дар хатар нагузоред.

 Ҷ. МӮМИНОВ, муҳандиси ХДБС, лейтенанти калони хизмати дохилӣ

Возврат к списку новостей