Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

665633
Сегодня
61
На этой неделе
354
В этом месяце
3088
Итого
665633
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

01.12.2018

Риояи талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ ва истифодабарии замин-такозои конун ва замон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ки дар Прокуратураи шаҳрӣ таҳти роҳбарии Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи I Набиҷон Набиев баргузор шуд, масъалаи вазъи иҷрои қонунгузориҳоро оид ба шаҳрсозию меъморӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи идораи замин, бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ҷамоатҳо дар давраи соли 2017 ва  давраи сипаригаштаи соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар кори ҷаласа раиси шаҳр Боҳирӣ Ғайбулло Нозир, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва мутахассисон оид ба заминсозӣ, аъзоёни комиссия, намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ширкат доштанд.

Нахуст аз рӯи масъалаи мазкур ёрдамчии Прокурори шаҳр Ҷӯразода Собирҷон баромад намуда, аз натиҷаи санҷишу таҳлилҳои вазъи иҷрои қонунгузориҳо ва ҳолати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ ва истифодабарии замин дар ҳудуди шаҳр иттилоъ дод. Зикр шуд, ки ҳарчанд вазъи корбарӣ дар ин самт то андозае беҳтар гардида бошад ҳам, аммо то ҳанӯз дар фаъолияти кумитаи заминсозӣ, бахши меъморию шаҳрсозӣ ва ҷамоатҳои деҳот қонунвайронкуниҳои зиёд, аз қабили ғайриқонунӣ рад намудан ё бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо, ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин ва ҷойгир намудани биною иншоот бар хилофи нақшаи генералӣ ва талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ сохтмони иморату иншоотҳо ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот дар маҷмуъ 6391 адад муроҷиат ворид гардида, 468 адади онҳо вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бино ва иншоотҳои таъиноташон гуногун мебошад.  Мутаассифона, аз ҷониби масъулон ҳангоми баррасии муроҷиатҳо баъзе қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, аз ҷониби масъулини бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи идораи замин, ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов, Патар ва дигар ҷамоатҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони бино ва иншоотҳо вайрон карда шудааст. Дар давоми соли 2017 918 адад ва дар давраи сипаригаштаи соли равон 657 адад, дар маҷмуъ 1575 адад муроҷиати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногун ворид шуда, 21 адади он мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳангоми санҷиш на танҳо муҳлати баррасии муроҷиатҳоро вайрон намудан, балки ҷавобҳои нодуруст додани масъулони мақомотҳои ваколатдори давлатӣ низ ба мушоҳида расид. – гуфта шуд дар идомаи суханронӣ.

Аз натиҷаи санҷишҳо, ки ба аъзоёни Шӯрои хамоҳангсозӣ баён гашт, маълум гашт, ки аз бемасъулиятии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дағалона вайрон намудани талаботҳои дар боло зикргардида, бемавҷуд будани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ҳуҷҷати лоиҳавӣ тасдиқшуда, хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва хулосаи экспертизаи экологӣ ба сохтмони бино оғоз карда шудааст. Барои мисол номгӯи чанд адад иншоотҳои сохтмонаш ғайриқонунӣ оғозгардида оварда шуд.

Ҳамин тавр, дар баромади ёрдамчии Прокурор қайд шуд, ки қонунгузориҳо дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, замин ва шаҳрсозию меъморӣ дар ҳудуди шаҳр ба талабот ҷавобгӯ набуда, беҳбудиро талаб мекунад. Бинобар ин, аз шахсони масъули мақомоти дахлдор даъват намуд, ки зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаботҳои қонунро риоя намуда, хулосаи асоснок ва дуруст пешниҳод намоянд, зеро ҳар як амали нодурусти онҳо боиси поймол шудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва давлат гардида, дар як вақт обрӯ ва нуфузи мақомотҳои давлатиро дар ҷамъият коста мегардонад.

Прокурор Набиҷон Набиев аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи идораи замин, бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҷамоатҳои деҳот, инчунин аъзоёни комиссия сабабҳои роҳ додан ба камбудиҳоро дар фаъолияти корӣ пурсон шуда, барои рафъи онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро талаб намуд.

Дар фарҷом раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ба сухан баромада, андешаҳояшро бобати масъалаи мазкур баён дошта, ба масъулони соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои бамиёномада дастурҳо дод. Дар ин самт санҷиши пурраю ҳаматарафаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, хулосаи дуруст ва аниқ додани аъзоёни комиссия ва пас аз ҷудо намудани қитъаи замин назорати рафти корҳои сохтмониро дар иншоотҳо ба манфиати кор арзёбӣ кард.

Зикр намуд, ки санҷишу таҳлилҳои прокурорӣ аз болои тамоми сохторҳо амри зарурӣ буда, назорати прокурорӣ ба таъмини босифати пешрафти тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад кард.

Инчунин, сардори Нозироти андози шаҳр Аҳмадзода Азиз ба сухан баромада, аз вазъи бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саркашӣ намудани баъзе аз хоҷагидорон дар масъалаи ба қайд гузоштан хоҷагӣ, таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ба хоҷагиҳои хурд ва азнав андозбандӣ кардани онҳо маълумот дода, инчунин аз масъулон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҳангоми сохтмони иншоотҳо пурра ва дуруст нишон додани харҷномаи он корбарӣ карда шавад.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни ҷаласаи навбатии шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр мубодилаи афкор  сурат гирифта, судманд анҷом пазируфт.

 

 

Возврат к списку новостей