Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654915
Сегодня
27
На этой неделе
378
В этом месяце
5518
Итого
654915
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

01.12.2018

Омилҳои зарарнок ва пешгирии он

Имрӯз яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла, кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуб - терроризм ва экстремизми ифротгароӣ мебошад. Ин омилҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, зӯроварӣ мегардад. Солҳои охир терроризм қувват гирифта, ба воситаи муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ табдил ёфтааст. Он яке аз зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ буда, ба қасди содир намудани таркиш, сӯхтору куштор роҳандозӣ мешаваду дар ҷомеа тарсу даҳшат, изтиробу парешониро ба вуҷуд меорад. Терроризм ба амнияти ҷомеа, ба фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хатар эҷод мекунад

Дар замони ҳозира терроризм яке аз масъалаҳои хатарнок ба шумор рафта, ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад. Мақсади асосии терроризм бо роҳи зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад ва  ҳамарўза нуфузи нопоки худро бештар менамояд. Террористон одамонро медузданд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маводҳои таркандаро ба истифода бурда, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананду аҳли ҷомеа зарари иқтисодиву маънавӣ мебинад.

Агар пеши роҳи ин гуруҳҳои террористӣ гирифта нашавад, нооромиҳои сиёсӣ афзуда, иқтисод ва фарҳанги минтақаҳои гуногун коста мегардад.

Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо бинобар паст будани шуурнокӣ ва маданияти сиёсӣ, рушд наёфтани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳар гуна гурўҳҳои террористӣ ифротгаро аз паи ақидаҳои ихтилофангезу ҷаҳолатомези шуда ба ин гурўҳҳо шомил шудаанд, ки ин аҳли ҷомеаро хеле ба ташвиш андохтааст.

Ин амал мо омӯзгоронро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мунтазам ба тарғибу ташвиқи ғояҳои олии ватандўстӣ машғул шавем ва дар самти омӯзиши илму ҳунар ва касбу кор азму суботи комил дошта бошем ва дар дарсҳои тарбиявӣ дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии донишҷўёнро баланд бардорем. Зеро хуб бохабар ҳастем, ки дар чандин давлатҳои дунё амалҳои террористиву экстремистӣ ҳар рӯз ба мушоҳида мерасад.

Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат аст ва мутассифона он гузарон аст. Аз ин хотир инсон бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша ба осудагию хушҳолӣ сипарӣ намояд.

Мо зиракиву ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, дар рўҳияи  худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дўстӣ ва рафоқат, дурӣ ҷустан аз хиёнат ба давлату миллат хусусиятҳои асил ва барҷастаи насли муосир ба шумор мераванд аз ин хислатҳои наҷиби инсонӣ хуб истифода бурда, барои гул-гулшукуфии Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем.

       Завқия Ботирова, омӯзгори фанни таърихи «Коллеҷи тиббӣ                                                                                

 

                                    

 

Возврат к списку новостей