Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654912
Сегодня
24
На этой неделе
375
В этом месяце
5515
Итого
654912
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

30.11.2018

«Оилаи ман- бахти ман»

Таҳти чунин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев дар тӯйхонаи «Заррин»-и ҷамоати мазкур чорабинии бошукӯҳ бахшида ба «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ дар оила» бо иштироки  Раҳимӣ Фирӯза- мудири шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Расулова Истамбону- намояндаи Раёсати кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мавзуна Ҷӯраева - мудири шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, фаъолзанон, ҷавонону навхонадорони ҳудуди ҷамоат иштирок намуданд.           

Сараввал намояндагони вилояти Суғд баромад намуда, бо далелҳо оиди пешгирии  хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва роҳи ҳалли он суханронӣ карданд. Хуршедахон Холматова – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба сухан баромада, ҳадаф  аз  баргузории чорабиниро шарҳ дод. Дар чорабинии мазкур чор оилаи намунавии ҳудуди ҷамоати деҳоти Р. Ҳамробоев оилаҳои Полвоновҳо, Набиеваҳо, Бӯтаеваҳо ва Эркаевҳо ба саволҳо оиди  пешгирии ҷудошавиҳо, зӯроварӣ дар оила ва ҳалли муаммоҳои оилавӣ сухан карданд.

Саҳнаи ҷолиби диққати бахши фарҳанги шаҳр оиди муносибати арӯсу хушдоман, зӯроварии шавҳар нисбати зан, ки оқибаташ худкушист, бомаҳорат ба саҳна гузошта шуд. Лаҳзаҳои мусиқии ҷолиби диққат аз ҷониби намояндагони бахши фарҳанг хеле хуш  садо дод. Маърӯза дар мавзӯи «Сабабҳои хушунат ва зӯроварӣ, роҳҳои пешгирии он» аз тарафи мутахассиси шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ – Фирӯза Шерматова ба самъи ҳозирин расонида шуд. Табиби амрози занонаи маркази саломатии ҷамоати деҳоти  ба номи Раҷаб Ҳамробоев Тӯхтаева Дилором доир ба оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ сухан кард.

Чорабинӣ тахти унвони «Оилаи ман- бахти ман» бахшида ба маъракаи иттилоотии 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ хеле хотирмон анҷом ёфт.

Возврат к списку новостей