Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

654916
Сегодня
28
На этой неделе
379
В этом месяце
5519
Итого
654916
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Озмун барои ишғоли ҷои кории холӣ ************* Ҳисоботи солона

07.11.2018

Рӯзи театри точик ва таассуроти кӯдакону наврасон аз Бухорои Шариф

Аҳли кормандони театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом тасмим гирифтанд, ки дар Рӯзи театри точик, ки хамасола дар микёси чумхури санаи 7 ноябр тачлил мегардад, бари тарбиятгирандагони боғчхои шахр аксияи "Театр барои кудакон"ро барпо намояд.  Бо ин максад дар бинои театр саёҳати фарҳангӣ доир карда шуд. Толибилмони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ва дигар мухлисон ба театр омада, аз дастовардҳои ҳунарии онҳо, номгӯи намоишномаҳои ҷолиб, суратҳои таърихӣ, рӯзгору осори ҳунармандони номӣ, инчунин намоишномаҳои рангину нав ошно гаштанд.  Махсусан, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо бо шавқ саҳнаҳои кӯдакона (нақшҳои Хирс, харгӯш, рӯбоҳ, гург ва амсоли ин)-ро тамошо карда, кафкӯбӣ мекаранд. Зимни аксия аз тарафи маъмурияти театр ба кӯдакони хушзеҳн тауҳфаҳо тақдим гашт.

Сипас дар назди манораи «Норчабой» намоишномаи «Қорӣ Ишкамба» ба мухлисони сершумор пешкаш гардид. Ҳаводорони театр, кӯдакону ҷавонон ва намояндагони қишри гуногуни аҳолӣ ҷамъ омада, тавассути нақши Қорӣ Ишкамба, ки онро ҳунарманд Хушнуди Дадо бозид, бо Бухорои Шариф огаҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин, нақшофаринии дигар ҳунармандони ҷавони театр Фаррух Ваитов ва Фарҳод Тӯхташев низ ҳамагонро ба ваҷд овард.

Кӯчаҳои танги Бухорои он замон, хасисию мумсикӣ ва найрангу фиребҳои «Қорӣ Ишкамба», зиндагии мардуми одии тоҷик туфайли сухандону закӣ будани устод Садриддин Айнӣ (маҳз дар офаридани ин повест («Қорӣ Ишкамба») ) басо назаррасу рӯшан намудор шуданд. Ҳар тамошобин беихтиёр ба дунёи зебои хаёлот ворид гардида, дар симои Қорӣ Исмат бо рафтору кирдори амалдорони он замон шинос шуд.

Ҳамин тавр, ҳунармандони умедбахши театрамон бо пешниҳоди ин намоиш дар рӯзи касбӣ бори дигар аз ҳунару маҳорати хеш дарак дода, шумораи дӯстдорони театрро афзуданд.

 

Возврат к списку новостей